Ссылки доступа

Занозании муҳоҷирони туркман дар Кипр барои паёмак ба як зан


Дар Кипр зидди ду бародар аз Туркманистон барои латтукӯби як ҳамватани худ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои расонаҳо, Олтибой Қодиров ҳамватани худ Руслан Оруновро барои фиристодани паёмак ба ҳамсараш шадидан латтукӯб кардааст.

Задухӯрд миёни муҳоҷирони туркман шаби 28 октябр дар шаҳри Никосия, пойтахти Кипри Шимолӣ рух додааст. Олтибой ҳамроҳи бародари хурдиаш Русланро латтукӯб карда, бинӣ ва устухони рӯйи ӯро зада шикастаанд. Ба гуфтаи Олтибой, Орунов гӯиё талош кардааст, ба воситаи паёмак бо ҳамсари ӯ – С. Ҷ. дӯст шавад.

Бино ба хабарҳо, пулис дар натиҷаи шикояти ҷабрдида Қодировҳоро боздошт карда, дар ҳоли ҳозир, парвандаи онҳо барои баррасӣ ба додгоҳи Никосия ирсол шудааст.

Додгоҳи Никосия бародарони туркманро бар ивази замонатпулии 8-ҳазордолларӣ то поёни баррасии парванда озод карда, ҳамчунин шарт гузоштааст, ки аз Кипр берун нараванд.

Туркманистон Кипри Шимолиро эътироф намекунад, вале бештари муҳоҷирони туркман барои пайдо кардани кор ва даромад ба он ҷо сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG