Ссылки доступа

Дар низоъи мусаллаҳонаи сокинони ду деҳаи Қазоқистон як одам кушта шуд


Дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон дар натиҷаи як низоъи мусаллаҳонаи сокинони ду деҳа, як одам кушта ва ҳафт тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пулис хабар медиҳад, ки низоъ миёни сокинони деҳаҳои Аса ва Кумтиин шаби 6 ба 7 ноябр рух додааст. Ба гуфтаи пулис, шаби 6 ноябр миёни ду мусофири автобус, ки аз деҳаи Аса ба деҳаи Кумтиин мерафтанд, низоъ бархост. Ин моҷаро нисфишабӣ идома пайдо кардааст.

"Дар натиҷа миёни сокинони ду деҳа бо истифода аз силоҳ низоъ сар задааст. Дар пайи ин моҷаро ҳафт одам бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон муроҷиат карданд. Ба ҷуз ин аз ҷароҳати тир як сокини 30-солаи деҳаи Каракемер кушта шуд", - хабар медиҳад пулис.

Тафтишот оғоз ва ташхиси тиббиву додгоҳӣ таъйин гардидааст.

XS
SM
MD
LG