Ссылки доступа

Инқилоб ба тоҷикон чӣ дод ва чиро гирифт? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 7-уми ноябри 2017 (HD)

- Фоҷиаву хушбахтии инсон аз нигоҳи духтарони тоҷик. Дар як озмуне, ки сафорати ИМА дар Душанбе баргузор кард, духтарони тоҷик ва паноҳандагони афғон, аксҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки баёнгари зиндагии сахт ва ҳамчунин шодии мардум дар кишварро нишон медиҳад. (видео)

- "Барқи Тоҷик" мардумро ба сарфаҷӯӣ даъват кард. Раиси ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» аз мардуми кишвар даъват кардааст, имсол нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд, то шабонарӯз бо барқ таъмин бошанд (видео)

- "Куртаи тоҷикӣ намедонам кадом аст". Шоира Гулрухсор дар бораи шеъри замон, тарзи баён ва озодиҳои эҷодӣ гуфт (видео)

- Инқилоб ба тоҷикон чӣ дод ва чиро гирифт? Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи Инқилоби Октябр ва истиқрори ҳукумати кумунистӣ дар Тоҷикистон назар доданд (видео)

- Коммунистҳои Тоҷикистон 100-солагии Инқилоби Октябрро ҷашн гирифтанд.Коммунистҳои Душанбе 100-солагии Инқилоби Октябрро бо маросими гулгузорӣ дар пояи пайкараи пешвои болшевикҳо – Владимир Ленин дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ – танҳо макони ҷамъиятие, ки пайкараи Ленинро ҳифз кардааст - ва ҳам дар назди нимпайкараи доҳии пролетариат дар долонҳои ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе ҷашн гирифтанд (видео)

- Ҳунарманди театр Ҳабибулло Абдураззоқов - 80-сола шуд. (видео)

- Садсолагии инқилоб. Гурезаҳои тоҷик дар Хохони Афғонистон чӣ орзу доранд? (видео)​

- Настоящее Время. Осиё – 8 ноябр. "Парвандаи биҳишт": Мансабдорони қазоқ мегӯянд, аз офшорҳои марбути худ "хабар надоранд". Дар Бишкек садсолагии Инқилоби октябрро бо тазоҳурот ва даъватҳои "тарсидан" ҷашн гирифтанд. Ҳаводиси октябри соли 1917-ро дар Осиёи Марказӣ имрӯз чӣ гуна қабул мекунанд? (видео)

- Вазири саноати дифоии Қазоқистон гуфт, аз вуҷуди ширкати офшорӣ хабар надошт. "Ман намедонистам, ки аз соли 98 инҷониб ширкати мазкур боқӣ монда, фаъолият мекунад", - гуфт вазири қазоқ. (видео)

- Навори амниятии ҳамла ба телевизиони "Шамшод"-и Кобул. (видео)

- Паради низомӣ дар Маскав, аммо на барои инқилоби сурх. Раҳпаймоии низомӣ ба муносибати 76-умин солгарди параде, буд, дар рӯзи 7-уми ноябр дар рӯзи инқилоби болшевикӣ сурат гирифт ва садҳо сарбоз аз Майдони Сурх мустақим ба ҷанги Олмони фашистӣ рафтанд. (видео)

- "Дар асри XXI тамоми башарият дар шароити сотсиализм зиндагӣ хоҳанд кард". Рӯзи инқилоб дар Бишкек (видео)

- "Аз ин ширкат мо ҳеч суде намегирифтем". Мусоҳиба бо вазири мудофиа ва саноати ҳавонавардии Қазоқистон Бейбит Атамқулов - дар бораи он ки чаро насаби вай дар "Парвандаи биҳишт" нашр шуд (видео аз Қирғизистон)

- Додгоҳи Фаронса даъвои мақомоти Озарбойҷонро зидди рӯзноманигоре, ки ин кишварро диктотурӣ номид, рад кард (видео)​

- "Намехоҳем, ки Трамп назди мо ояд!": эътирозгарон дар Куриёи Ҷанубӣ президенти ИМА-ро нохушнудона пешвоз гирифтанд (видео аз Директ)​

- Рӯзноманигорон дубора Петр Порошенкоро дар саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд (видео)​

- Арабистони Саудӣ 11 шоҳзода ва 4 вазирро боздошт кард, онҳо дар фасодкорӣ айбдор мешаванд (видео аз Директ)​

- "Онҳо кӯшиш мекарданд, ки муштариёни шубҳанок аз Русияро нагиранд".Рӯзноманигори таҳқиқотчӣ дар бораи кори худ роҷеъ ба "Парвандаи биҳишт". (видеои Настоящее время)

- 100 соли Октябри сурх. Дар Русия солгарди инқилобро таҷлил мекунанд (нигористон)

- Марафони байналмилалии Сочӣ (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG