Ссылки доступа

Баёнияи Кохи сафед дар робита ба Рӯзи қурбониёни коммунизм


Кохи сафед дар робита ба Рӯзи қурбониёни коммунизм баёния нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки "7 ноябр аз инқилоби болшевикон дар Русия 100 сол сипарӣ шуд".

Ҳукумати Амрико менависад, "инқилоби болшевикӣ боиси пайдоиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва даҳсолаҳои тираи коммунизми саркӯбгар, фалсафаи сиёсие гашт, ки бо озодӣ, рушд ва каромати ҳаёти инсонӣ ҳамоҳанг набуд.

Иёлоти Муттаҳида изҳор медорад, дар канори ҳамаи онҳое хоҳад буд, ки ташнаи ояндаи озоду дурахшон ҳастанд, омадааст дар баёния.

"Дар сад соли режимҳои коммунистии тоталитарӣ дар саросари дунё беш аз 100 миллион одам куштаву истисмор, таъқибу тахриб шудаанд. Ин ҳаракат зери мафҳуми дурӯғини озодсозӣ ҳуқуқҳои фитрии одамонро барои озодии баён, озодии муттаҳидшавӣ ва чандин ҳуқуқҳои дигарро маҳдуд кард. Шаҳрвандони ташнаи озодӣ бо роҳи зӯриву тарсу хушунат тобеи давлат шуданд", - менависад Кохи сафед. Дар идома омадааст, ки "мо имрӯз ҳамаи онҳоеро, ки кушта шуданд ва онҳоеро, ки аз дасти коммунизм ранҷ мебаранд, ёд мекунем".

7 ноябри соли ҷорӣ ҳамчун рӯзи садсолагии инқилоби октябр дар Русия таҷлил мешавад. Сад соли пеш дар ин рӯз болшевикон сари қудрат омаданд. Ҳукумати онҳо расман соли 1991 бо фурӯпошии СССР ба поён расид.

XS
SM
MD
LG