Ссылки доступа

Қирғизистон коҳиши якбораи навбатпоиҳоро дар марз бо Қазоқистон шарҳ дод (видео)


Хадамоти марзбонии Қирғизистон 8 ноябр гуфт, навбатпоӣ дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" бо Қазоқистон ба маротиб коҳиш ёфта, дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 40 мошини боркаш боқӣ мондааст.

Ба огаҳии хадамот, марзбонони Қазоқистон рӯзи якшанбе ба шумори рекордии мошинҳои боркаш (195 адад) баъди сангинтар шудани санҷишҳо иҷозат додаанд, ки аз гузаргоҳи "Оқ-Тилек" убур кунанд.

"Санҷиш аз ҷониби Қазоқистон тағйир наёфтааст. Навбатпоӣ барои он кам шуд, ки дар ҳоли ҳозир марзбонон мошинҳои холиро, тавре дар мулоқоти сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов бо ҳамтои қазоқаш ваъда шуда буд, намесанҷанд", - шарҳ додааст хадамот.

Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, сабаби дигари коҳиши навбатпоиҳо дар гузаргоҳи "Оқ-Тилек" ин аст, ки соҳибкорон роҳҳои алтернативии содироти маҳсулоти худро пайдо кардаанд.

Навбатпоиҳо ҳамчунин дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Жол" кам шудааст. Ба воситаи ин гузаргоҳ асосан нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла автобус, таксӣ ва шахсони воқеӣ убур мекунанд. Вале эҳтимол дорад, вазъ баъди нисфирӯзӣ тағйир ёбад. Чун баъзе рӯзҳо аз соати 11:00 то 17:00 шумори навбатпоён дар ин гузаргоҳ то ба 200 нафар мерасад.

Вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон 10 октябр шадид шуд. Қазоқистон убури марзро сангинтар кард, ки дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад.

XS
SM
MD
LG