Ссылки доступа

Даъвои ҳукумати Озарбойҷон зидди рӯзноманигорони Фаронса рад шуд


Элиз Люсе

Додгоҳе дар Фаронса даъвои ҳукумати Озарбойҷонро зидди телевизиони давлатии "France Télévisions" ва рӯзноманигорон Лоран Ришару Элиз Люсе рад кард. Мақомоти Озарбойҷон 12 ҳазор евро ҷуброн талаб карда буданд.

Боку рӯзноманигоронро ба он айбдор кард, ки гӯиё ду сол пеш дар як барнома ҳукумати Озарбойҷонро туҳмат кардаанд. Дар он барнома сафари президенти вақти Фаронса Франсуа Олланд ба Озарбойҷон бозтоб шуда, рӯзноманигорон режими ин кишварро "диктатурӣ" ва президент Илҳом Алиевро "диктатор" номида буданд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки қонун дар бораи озодии матбуот ба давлат иҷозат намедиҳад, ки бо даъвои туҳмат аз болои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят барад.

Созмони "Рӯзноманигорони бидуни марз" соли равон дар шохиси озодии матбуоти худ Озарбойҷонро дар миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 162-ум қарор дод. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, фаъолияти рӯзноманигорон дар Озарбойҷон хеле маҳдуд карда шудааст. Боку ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG