Ссылки доступа

Додгоҳ даъвои Навалнийро зидди Путин рад кард


Додгоҳи Твери шаҳри Москва даъвои мухолиф ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалнийро зидди президенти Русия Владимир Путин рад кард. Дар ин бора ҳуқуқшиноси бунёд Иван Жданов дар Фейсбук иттилоъ дод.

Масъулони додгоҳ дар шарҳи ин қарори худ гуфтаанд, ки шикояти Навалний баррасӣ нахоҳад шуд, зеро ба гуфтаи онҳо, озодӣ ва манофеи қонунии ӯ поймол нашудааст.

Додгоҳе дар Москва ҳафтаи гузашта шикояти Навалнийро зидди Путин барои манъи мулоқотҳояш бо интихобкунандагон ба қайд гирифта буд. Мухолифи рус аз додгоҳ хост, ки ин амали раҳбарияти Русияро ғайриқонунӣ эълом кунад.

Пештар Кремл дар посух ба иддаои Навалний гуфт, ки президенти Русия бо ҳамоҳанг ё манъ кардани кадом як ҷамъомаду вохӯриҳо машғул намешавад.

Навалний соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок карданист ва ҳоло сафарҳои таблиғиеро ба минтақаҳои ин кишвар анҷом медиҳад. Дар бештари шаҳрҳои Русия мақомот ба баргузории тазоҳурот ва вохӯриҳо бо Навалний иҷозат намедиҳанд. Ихтиёрон ва кормандони ситоди Навалний зери фишори мақомот қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто таҳдид низ мешунаванд ва мавриди ҳамла ҳам қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG