Ссылки доступа

Туркманистон: аз онҳое, ки мехоҳанд, дар соати корӣ ба суратҳисобашон маблағ ворид кунанд, "баёнот" гирифта мешавад


Бонкҳои Туркманистон дигарбора нисбати корбарони кортҳои пластикии низоми пардохти VISA маҳдудият ҷорӣ карданд. Аз онҳое, ки мехоҳанд, суратҳисобашонро пур кунанд, аз ҷои кор ариза талаб мекунанд.

Ариза бояд тасдиқ кунад, ки коргар дар айни ҳол дар рухсатии меҳнатӣ, меҳнатии бемузд ва ғайра аст. Дар сурати ғайр ба вай иҷозат дода намешавад, ки ба корташ маблағ гузаронад.

Ба кормандони муассисаҳо давлатӣ иҷозат намедиҳанд, ки аз соати 9 то 18 ба бонк бираванд. Ин дар ҳолест, ки хазинаи бонкҳо аз соати 9-30 то 16-00 фаъол ҳастанд.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, ба иловаи маҳдудиятҳои пешин, ҳамакнун аз коруфтодаҳо барои пур кардани суратҳисоб дар соати корӣ асос талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG