Ссылки доступа

Тоҷикистон шеваи пардохти андози иҷораи манзилро тағйир дод (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 8-уми ноябри 2017 (HD)

- Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷавод Зариф "масоили муҳим"-ро баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 8-уми ноябр дар Қасри Миллат бо президенти Тоҷикистон мулоқот кард. Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи ду соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан менамояд (видео)

- Овозаи Ёсуману Манижа то ба раиси ҷумҳур расид. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтари тоҷик, ки дар як барномаи телевизионии Русия қудрати фавқуллодаашонро нишон доданд, офарин гуфт (видео аз Директ)

- "То пул надиҳӣ нигоҳат намекунанд". Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи табобати ройгон дар Тоҷикистон назар доданд (видео)

- Шеваи пардохти андоз аз иҷораи манзил тағйир ёфт. Бар асоси як дастури Кумитаи андози Тоҷикистон, мизони молиёт аз иҷораи манзили хусусӣ барои шахсони инфиродӣ дар Душанбе тағйир ёфта, аз ин баъд андоз аз иҷора бо назардошти ҳаҷм ё метри мураббаи манзил ситонида мешавад (видео)

- Фоҷиаву хушбахтии инсон аз нигоҳи духтарони тоҷик. Дар як озмуне, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор кард, духтарони тоҷик ва паноҳандагони афғон, аксҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки баёнгари зиндагии сахт ва ҳамингуна шоди мардум дар кишварро нишон медиҳад (видео)

- Настоящее Время. Осиё – 9 ноябр. Дар Қазоқистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ВАО-ро баррасӣ доранд. Остона ва Алмато дар раддабандии шафофияти буҷаҳои шаҳр барои сокинон аз ҳама пойинанд. Норозигиҳо аз қомат афрохтани пайкараи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов дар Москва. (видео)

- Қонуни нави ВАО-и Қазоқистон жанри таҳқиқоти рӯзноманигориро маҳв хоҳад кард (видео)

- Рӯҳонӣ гуфт, шохи Арабистони Саудиро мешиканем. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ба кишвараш таҳдид накунад. Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Теҳрон бо ишора ба Арабистони Саудӣ гуфт, “Аз шумо бузургтарҳо омаданд ва шохашон шикаста шуд, шумо ки чизе нестед (видео аз Директ)

- ИМА аз Арабистон таҳқиқи шаффофу одилонаи боздоштшудаҳоро дархост кард. (видео)

- Луври Абу-Дабӣ макони мулоқоти Ғарбу Шарқ хоҳад шуд​. (видео)

- Бигзор "Давлати исломӣ" маҳв шавад… Суҳбат бо волидайне, ки фарзандони онҳо барои ҷанг ба ҷонибдорӣ аз ДИ ё аз пушти шавҳарҳояшон ба Ироқу Сурия рафтаанд. (видео)

- Чаро дар Ӯзбекистон ҳолатҳои худкушӣ афзудаанд? (видео)

- Девори ноумедӣ. Ҳамасола даҳҳо ҳазор одам ғайриқонунӣ аз Мексика вориди ИМА мешаванд. (видеои Настоящее время)

- Чаро дар Қазоқистон қонун дар бораи ВАО-ро тағйир доданд? (видеои Настоящее время)

- Бозҷӯиҳо дар Қрим: Сайидумаровро барои матлабҳои 5 сол пешаш ҷарима карданд. Додгоҳи Боғчасарой фаъолои тотори Қрим Сайидумар Сайидумаровро 8 ноябр 2 ҳазор рубл ҷарима кард. (видео аз Директ)

- 365 рӯзи Доналд Трамп. Соли аввали президенти Амрико дар хотири мардум бо чи чизе нақш баст. (видеои Настоящее время)

- $800 млрд аз 60 боздоштшуда. Мақомоти Арабистони Саудӣ бо фасод мубориза мебаранд. Ҳукумат тамоми сарвату дороиҳои гумонбарон дар фасодкориро мусодира мекунад. Миёни боздоштшудаҳо 11 шоҳзода ва 4 вазир низ ҳастанд. (видеои Настоящее время)

- Ёдоварии маҳбусони сиёсӣ ба вакилони порлумони Украина. Дар бинои порлумони Украина намоишгоҳи маҳбусони сиёсие баргузор шуд, ки дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG