Ссылки доступа

Ӯзбекистон кишвари бидуни сурхакон эътироф шуд


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ӯзбекистонро кишвари озод аз бемории сурхак эътироф кард. Ин кишвар тавонистааст, бемории сурхакро дар солҳои 2014 то 2016 маҳв кунад, хабар медиҳад ЮНИСЕФ.

Соли 2007 дар Тақвими миллии эмгузаронии Ӯзбекистон воксини зидди сурхак шомил карда шуд. Ду давраи воксинзанӣ дар синни 12- моҳагӣ ва 6-солагӣ ба тифлон, имкон медиҳад, ки дар тамоми давраи ҳаёт зидди ин беморӣ масуният ҳосил гардад.

Омор нишон медиҳад, ки дар соли гузашта 99,7 дарсади атфол эм зада шудаанд.

"Кӯдакони то 14-сола 27 дарсади аҳолии Ӯзбекистонро ташкил медиҳанд. Эмгузаронӣ яке аз роҳҳои самаранок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовари сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ аст, ки мо метавонем барои насли оянда анҷом диҳем", - изҳор медорад роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон Саша Грауманн.

ЮНИСЕФ ба ҳукумати ин кишвар дар харид ва амалисозии воксинаҳои нав кумак мекунад. То соли 2020 Ӯзбекистон барои хариди воксинаҳо худкифо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG