Ссылки доступа

Душанбеву Теҳрон мехоҳанд, муносибатҳои "сард"-и худро тақвият бахшанд


Бинои нави сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе шоми 8 ноябр бо иштироки вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон -- Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммадҷавод Зариф ифтитоҳ шуд. Дар расми ифтитоҳи он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва фарҳангиёну зиёиёни тоҷик низ иштирок доштанд.

Ин маросим дар пайи дидору гуфтугӯи Муҳаммадҷавод Зариф бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, ду соат пушти дарҳои баста идома кард. Мақомот гуфтанд, ҷонибҳо дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷонибаву раванди иҷрои созишҳои пешинро баррасӣ карданд.

Зариф дар суханронии мухтасари худ натиҷаи дидораш бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонро муфид номида, таъкид кард, ки “инҷо хонаи мост ва ҳар чи бештар густариш ёфтани равобиту ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона ба нафъи ҳар як кишвар ва миллат аст. Ин ҳадаф дар авлавият қарор дорад”.

Аслов низ дар навбати худ аз ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, онро барои беҳтару бештар шудани робитаҳои ду кишвар муҳим номид. Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони маросим, Аслов ҳамчунин “ба эҳтироми ҳамдигарӣ ва парҳез аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб” таъкид карда, гуфтааст, ки ин арзишҳо “бояд аз корбурди аслии муносиботи Тоҷикистон ва Эрон бошад”.

Сухангӯи вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Саъдуллоев 9 ноябр гуфт, қарор аст ҳайати Теҳрон барои иштирок дар ҷаласаи Комисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва Эрон 12 ноябр вориди Душанбе шаванд.

XS
SM
MD
LG