Ссылки доступа

Ғарб пажуҳиши силоҳи кимиёии Сурияро талаб дорад, Русия зид аст


Қудратмандони Ғарбӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар масъалаи азсаргирии кори комисияе, ки бояд истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурияро муайян мекард, бо мухолифати Русия рӯ ба рӯ шуданд.

Дар баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА омадааст, ки онҳо ба "мустақилият ва касбӣ будан"-и Механизми пажуҳишии СММ дар умури манъи силоҳи ҳастӣ комилан бовар доранд ва ба идомаи фаъолияти Механизми пажуҳишӣ даъват мекунанд.

Русия пештар хулосаи гуруҳи кориро дар мавриди он ки ҳукумати Сурия барои қатли даҳҳо одам дар шаҳри Хон Шайхун аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст, рад ва ба бозбинии раванди пажуҳиш даъват кард. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков 8 ноябр гуфт, Москва зидди қатъномаи Ғарб дар бораи идомаёбии фаъолияти тими СММ аст. Салоҳияти тим 16 ноябр ба поён мерасад. Русия моҳи гузашта ба қатъномаи монанд ба ин вето гузошта буд.

Кохи сафед аз Русия хост "масирашро иваз" кунад ва ҳамроҳ бо "кишварҳои масъул" барои ҳифзи Механизми пажуҳиши СММ раъй диҳад.

XS
SM
MD
LG