Ссылки доступа

Назарбоев омодааст, Русияро дар "шароити сахти таҳримҳо" дастгирӣ кунад


Интизор меравад, имрӯз, 9 ноябр дар шаҳри Челябинск президентҳои Русия ва Қазоқистон -- Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев мулоқот кунанд. Дар ин дидор ҷонибҳо қарор аст, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.

Назарбоев дирӯз, 8 ноябр дар ҷараёни сафари кориаш ба вилояти Костанайи Қазоқистон бо сармоягузорони хориҷӣ мулоқот карда, гуфт, "имрӯз зидди Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ шудаанд ва мо бояд онро дар ин шароит дастгирӣ кунем".

Раҳбарони ду кишвар баъди дидору гуфтугӯ дар форуми анъанавии байниминтақавӣ иштирок хоҳанд кард. Бино ба хабарҳо, дар 14-умин Ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистону Русия, раҳбарони вазорату вилоятҳо ва намояндагони тиҷорати бузурги ду кишвар гирди ҳам ҷамъ мешаванд.

Дар поёни гуфтугӯ, имзои як қатор санадҳо, аз ҷумла изҳороти муштараки раҳбарони Қазоқистону Русия бахшида ба 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар дар назар аст.

Таҳримҳои Ғарб зидди Русия барои ишғоли Қрим ва дахолат ба умури дохилии Украина борҳо афзоиш ва тамдид шудаанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусалаҳҳонаи нирӯҳои Украина ва ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия дар вилоятҳои Донетск ва Луганск, ки аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ идома доранд, дасти кам 10 ҳазор одам кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG