Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон далели аз байн бурдани пиряхҳоро шарҳ дод


Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон сабаби иҷозати кандани пиряхҳоро дар кони Қумтор шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, агар пиряхҳо аз байн бурда нашаванд, шахтаҳои кон фурӯ хоҳанд рехт.

Ба огаҳии кумита, порлумони Қирғизистон низ ҳукуматро вазифадор кардааст, ки шароитро барои кори бидуни танаффус дар тарҳи Қумтор фароҳам кунад ва бинобар ин, ҳоло барои пешгирӣ аз фурӯрезии канори шахтаҳо корҳо идома доранд.

Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон мегӯяд, тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби ин кишвар, ки иҷозати кандани пиряхҳои Давидов ва Лисийро дар кони Қумтор медиҳад, бо иштироки коршиносони мустақил баррасӣ шудааст.

"Мутахассион муайян карданд, ки агар канори шахтаҳои кони Қумтор фурӯ резанд, эҳтимоли пури об шудани онҳо вуҷуд дорад ва азсаргирии кор дар кон низ дар муддати кутоҳ имкон нахоҳад дошт", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Кумитаҳои дахлдори порлумони Қирғизистон тағйирот ба "Кодекси об"-ро 31 октябр қабул карданд. Амалан, ин тағйирот обшавии пиряхҳои Давидов ва Лисийро қонунӣ мегардонад. Ташаббускори лоиҳаи қонун - ҳукумати Қирғизистон - мегӯяд, ин тасмимро ба хотири рушди иқтисодӣ рӯи даст гирифтааст. Ба бовари ҳукумат, пиряхҳо бе ин ҳам тақрибан об шудаанд.

Фаъолони мадании қирғиз 8 ноябр дар шаҳри Бишкек ба ҳимоят аз пиряхҳо тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG