Ссылки доступа

Баррасии расонаҳои ҷаҳонӣ: Оё Трамп ба Остонаву Бишкек ва Тошканду Душанбе меояд?


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Доналд Трамп аз Си Ҷинпин даъват кард, барои бартараф кардани "хатарҳои ҳастаӣ"-и Куриёи Шимолӣ иқдомҳои фаврӣ ва таъсиргузор роҳандозӣ кунад, менависад The Guardian. Дар қабули расмӣ дар Пекин Трамп бо ташаккур аз "пазироии гарм"-и роҳбари Чин, гуфт, ки пуштибонии Си Ҷинпинро аз талошҳои ИМА барои пешгирӣ аз худхоҳиҳои ҳастаии Ким Чен Ин қадрдонӣ мекунад. "Ман як сирро дар бораи президенти Шумо медонам: агар вай рӯи ягон мавзуъ бо ҳавсала кор кунад, ҳатман ба хостааш мерасад. Бе шак, чунин аст", гуфтааст Трамп.

Дар ҳамин ҳол, ба мушоҳидаи рӯзноманигори Le Monde, дар Пекин суҳбатҳои Трамп дар мавриди барномаи ҳастаии Пхенян на он қадар ситезаҷӯёна буданд. Президенти ИМА дар пойтахти Чин дар мавриди ҳалли буҳрон изҳори хушбинӣ кард. Пештар дар суханрониаш дар порлумони Куриёи Ҷанубӣ Трамп гуфт, "замони қудрат фаро расид" ва "дунё дигар наметавонад дар муносибат бо режими канораҷӯ, ки бо силоҳи ҳастаияш таҳдид мекунад, пурсабр бошд", менависад нашрияи фаронсавӣ.

"Дар ҳоле ки Доналд Трамп дар Осиё сайру гашт мекард, минтақаи ҳамсоя аз замони ҷудо шудан аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар интизори сафари нахустини президенти ИМА аст", - менависад Independent Journal Review. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар хабарҳо зиёд зикр намешаванд ва чунин менамоянд, ки дар фосилаи дур ҷойгир буда, ба аксари амрикоиҳо рабте надоранд. "Дар асл минтақа барои стратегияи ИМА дар Афғонистон ва барқарории ҳамгироии иқтисодии вай бо Осиёи Марказиву Ҷанубӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҳарчанд Президент Трамп талош дорад дар Афғонистон ба комёбӣ ноил шавад, ҳукумати вай бояд муҳим будани Осиёи Марказиро барои сулҳи устувор ва суботи ин минтақаи пуршиддати ҷаҳон эътироф кунад".

Нашрия менависад, "ИМА ҳоло шонс дорад, ки ҳамкориашро бо Осиёи Марказӣ бо ҳадафи барқарории таъмини субот дар атрофи Афғонистон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Афғонистон ва коҳиши сармоягузории терроризм ва таносуби ду қудратманди асосии минтақа - Русия ва Чин, густариш диҳад. Ин мумкин аст, сармоягузории даҳҳо миллиард долларро талаб накунед, кореро ки имрӯз Чин анҷом медиҳад, аммо иродаи сиёсӣ, мутамарказ шудан дар сиёсати ИМА - барои ҷаноби Трамп дар самти Осиё нақшаи муҳими сиёсист".

Дар остонаи конфронси "Амнияти ва рушди устувор", ки ҳукумати Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо СММ рӯзҳои 10-11 ноябр дар Самарқанд ташкил хоҳад кард, Тадамичи Яматото, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар умури Афғонистон ва роҳбари Маъмурияи СММ дар Афғонистон ба The Diplomat нақши бузурги кишварҳои Осиёи Марказиро дар танзими вазъи Афғонистон ёдовар шудааст.

"Пешрафт манфиати миллии ҳама аст, аммо вай чи тавр рушд меёбад, таъсири чандҷониба дорад, ҳамсояҳоро ба худ ҷалб мекунад. Аз нуқтаи назари рушди минтақа хеле бой аст, аммо бе табодули молу хизматрасонӣ. Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар ин сурат рушд мекунанд: густариши равуои нақлиёти заминӣ ва таъсиси долонҳои нав ба обҳо", менависад дипломат.

Риёз Туркманистонро расман ба Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) даъват кард. Вазири энержӣ ва саноати Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолих дар мусоҳиба бо Al Arabiya English гуфт, Туркманистон ба ҳайси нозир қабул мешавад. Ба гуфтаи вазир, ширкатҳои маъруфи саудии SABIC, Ma'aden ва Aramco омодаанд барои истихроҷи нафту газ аз кишварҳои наздики баҳри Хазар миллиардоҳо доллар сармоягузорӣ кунанд. ​

XS
SM
MD
LG