Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон созишномаи кумаки $100-миллионии Қазоқистонро бекор кард


Порлумони Қирғизистон дар хониши севум лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани созишномаи кумаки Қазоқистонро дар ҳаҷми 100 миллион доллар қабул кард.

Созишнома миёни ҳукумати Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи рушди ҳамкории иқтисодӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ 26 декабри соли 2016 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Санкт-Петербург имзо шуда буд.

24 октябр вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷониби Қазоқистонро расман дар бораи бекор кардани созишнома огоҳ кардааст. Қазоқистон гуфт, ки Қирғизистон ҳавасманди дарёфти кумаки ҷониби Қазоқистон нест.

Қирғизистон баъди бад шудани муносибаташ бо Қазоқистон аз ин кумак даст кашид. Сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марзиро шиддат бахшид. Ин боис шуд, ки дар гузаргоҳҳои марзии байни ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ташкил шавад. Тақвияти назорати марзиро Остона мубориза бо қочоқ меномад. Аммо Бишкек бар ин назар аст, ки ҷониби Қазоқистон "монеаҳои сунъӣ" эҷод мекунад.

XS
SM
MD
LG