Ссылки доступа

"Роҳи Оҳани Тоҷикистон" муҳоҷирони ихроҷшударо ройгон ба Душанбе меорад


Ҳукумат дастур додааст, ки муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия дар истгоҳи Оқсарой ройгон ба Тоҷикистон оварда шаванд. Аз 130 нафаре, ки то рӯзи 9 ноябр дар марз дармондаанд, додгоҳи Русия нисбати нисфи онҳо қарори ихроҷ (выдворение) ва манъи ҳақи вуруд ба муҳлати се солро содир кардааст.

Аз рӯзи 2 то 6 ноябр мақомоти марзбонии Русия зиёда аз 180 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори масири Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аз қатор фароварда боздошт кардаанд.

Анвар Латифзода, сухангӯи корхонаи давлатии “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” гуфт, маъмурияти ин ниҳод аз вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахан ҷиддан нигарон ҳастанд. Ин масъули корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, намояндагони ин ниҳод дар Русия дар истгоҳи Оқсарой барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон кор бурда истодаанд. Аммо Анвар Латифзода мегӯяд, бо вуҷуди пайдо шудани мушкил дар истгоҳи Оқсарой қатораҳои онҳо бидуни мушкил ва аз рӯи нақша ҳаракат доранд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, тибқи маълумоти ахир теъдоди шаҳрвандони гирифтори Тоҷикистон дар истгоҳи Оқсарой 130 нафар буда, додгоҳ қарори ихроҷи қисми бештари онҳоро содир кардааст. Муҳоҷирони дармондаи тоҷик, ба гуфтаи масъулини Сафорати Тоҷикистон, ба нақзи қоидаҳои будубоши Русия аз ҷумла надоштани қайди расмӣ ва патент муттаҳам дониста мешаванд.

Гурӯҳи аввали муҳоҷирони тоҷик шоми 2-юми ноябр, ҳангоми бозгашт ба ватан дар қатори Маскав-Душанбе фароварда шуданд. Мақомоти марзбонии Русия иддао карданд, ки аксари ин афрод барои нақзи қоидаи будубош ва шаҳодатномаи қалбакии бозгашт ба ватан муттаҳам мешаванд. Шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар Русия барои он шаҳрвандоне медиҳад, ки шиносномаи худро гум кардаанд, ё муҳлати истифодаи шиносномаашон гузаштааст. Баъди санҷиши гурӯҳи аввали муҳоҷирон, санади 40 нафари онҳо дуруст ва қонунӣ арзёбӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG