Ссылки доступа

Russia Today дар ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабти ном мешавад


Телевизиони RT, маъруф ба "Russia Today", ки аз тарафи ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад, дар ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифта хоҳад шуд. Дар ин бора сармуҳаррири телевизион Маргарита Симонян иттилоъ дод.

Пештар Симонян гуфта буд, ки Вазорати адлияи Амрико аз онҳо талаб кардааст, ки то 13 ноябр ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунанд. Дар вазорат ин хабарро шарҳ надоданд.

Сармуҳаррири RT талаботи мақомоти Амрикоро "табъиз" меномад. Ӯ гуфт, аз болои ин амали мақомоти ИМА ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Ба гуфтаи вай, ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифтани RT бо "усули демократӣ ва озодии баён" мухолифат мекунад. Дар Департаменти давлатии ИМА гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи "агентҳои хориҷӣ" аз гузинаи русӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ имкони расонидани хабарро маҳдуд намекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Москва ҳафтаи оянда дар робита ба расонаҳои Амрико "чораи ҷавобӣ" хоҳад андешид. Пештар Шӯрои Федератсия имкони маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ ва "Садои Амрико"-ро дар Русия баррасӣ карда буд.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент гуфт, RT барномаҳои худро дар ИМА ба воситаи телевизионҳои кабелӣ пахш мекунад, дар ҳоле ки Радиои Озодӣ ин имконро дар Русия надорад."Рӯзноманигорони Озодиро дар Русия таъқиб, латтукӯб ва ҳатто парвонаҳояшонро бекор карданд. Вале зидди рӯзноманигорони рус дар ИМА ҳеч яке аз ин амалҳо анҷом нашудааст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG