Ссылки доступа

Дар боздоштгоҳи Москва зиндониён барои туйи писари "дузди соҳибнуфуз" пул ҷамъ оварданд (видео)


Дар боздоштгоҳи №5 шаҳри Москва гуруҳе аз намояндагони "олами ҷиноӣ" барои туйи писари "дузди соҳибнуфуз" ё ҷинояткори бонуфузи ӯзбек Бахтиёр Қудратиллоев, ки бо номи Бахтии Тошкандӣ ё Бахтии Янгиободӣ маъруф аст, аз ҳар зиндонӣ 100 ҳазоррублӣ ҷамъ оварданд.

Дар ин бора ҳамсари яке аз зиндониёни боздоштгоҳ, ки нахост номаш зикр шавад, хабар дод. Ин зан барои собит кардани даъвояш як навори видеоӣ низ дорад.

Вай мегӯяд, ҳабдаҳ зиндонии боздоштгоҳ, аз ҷумла шавҳари вай, маҷбур буданд барои туйи писари Бахтиёр Қудратиллоев 100 ҳазоррублӣ ҷамъ оварданд.

"Касе ҳар рӯз аз номи Бахтиёр ба онҳо занг мезанад. Мардеро, ки дар тан либоси варзишии сурх дорад, Гирихан меноманд. Вай "нозир"-и утоқ аст. Зиндониҳо пулро ба Бобирмирзо Ғуломов медиҳанд, ки дар навор бо забони русӣ суҳбат мекунад. Зиндониҳо ҳамагӣ 100 ҳазор рубл ҷамъ оварданд. Ман 5 ҳазор додам. Бархеҳо бисёртар доданд", - мегӯяд ин зан.

Аммо яке аз наздикони Бахтиёр Қудратиллоев ин даъвоҳоро рад мекунанд.

"Бахтӣ зиндонҳои Москваро назорат намекунад. Вай ба ин ҳақ надорад", - мегӯяд як шахси наздик ба Бахтӣ.

Криминальный авторитет Бахтияр Кудратиллаев, известный как Бахти Ташкентский.
Криминальный авторитет Бахтияр Кудратиллаев, известный как Бахти Ташкентский.

Бахтии Тошкандӣ бо айбҳои гуногун борҳо зиндонӣ шудааст. Ӯро дар фурӯши маводи мухаддир, нигаҳдории силоҳ ва вайрон кардани тартиботи зиндон айбдор кардаанд.

XS
SM
MD
LG