Ссылки доступа

Пулисҳои туркман вазифадор шуданд, мошинҳои шахсияшонро сафед кунанд


Дар Туркманистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шудаанд, ки танҳо мошинҳои шахсии сафедро истифода баранд. Шунавандаҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, вақтҳои ахир иҷрои ин қарор аз кормандони пулис дар саросари Туркманистон сахт талаб карда мешавад.

"Дар Раёсатҳои умури дохилии вилоятҳои Туркманистон 4 моҳ пеш бо баргузории ҷаласаи махсус таъкид кардаанд, ки ранги мошини тамоми кормандони пулис бояд сафед бошад ва ин фармон аз "боло" шудааст. Кормандоне, ки тайи 3 моҳи ахир ранги мошини худро иваз накардаанд, ҳушдори сахт гирифтанд. Ҳоло ба кор омадани кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мошинҳои ранги ғайри сафед манъ шудааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Як ҳамсуҳбати дигари Бахши туркмании Радиои Озодӣ аз вилояти Дашоғузи Туркманистон гуфт, мошини ӯро барои сафед набуданаш аз муойинаи техникӣ нагузарониданд. Ба гуфтаи вай, дар пайи талоши дубора ӯро раҳбарият даъват карда, гуфтааст, баёнот бинавис, ки дар кутоҳтарин муддат ранги мошинатро сафед хоҳӣ кард.

"Агар мошинро ранг кунӣ, фикр мекунанд, садамавӣ аст ва касе дигар онро намехарад. Дар мо боз дар ҳеч куҷое босифат ранг намекунанд. Мошини сафед низ ҳоло хеле гарон шудааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки ранги мошинашон сафед нест, дар вазъияти бад қарор доранд. Ҳама аз ин талабот норозӣ аст. Онҳое, ки монанди ман ранги мошинашон сафед нест, бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор мераванд", - афзуд ӯ.

Мақомоти Туркманистон ба ранги сафед бартарӣ медиҳанд. Соли 2015 воридоти мошинҳои сиёҳ ба ин кишвар манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG