Ссылки доступа

Қазоқистон ихроҷи радиатсияро за иншооти ҳастаияш рад кард


Мақомоти Қазоқистон иддаои Пажӯҳишгоҳи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Фаронса (IRSN)-ро, ки гуфт, эҳтимол дорад, аз иншооти ҳастаии ин кишвар ба ҳаво рутения хориҷ шуда бошад, рад карданд.

Пажӯҳишгоҳи физикаи ҳастаии Қазоқистон гуфт, моҳҳои сентябр ва октябр дар ягон иншооти ҳастаии ин кишвар садама рух надодааст, ки боиси ихроҷи рутения ба ҳаво шавад.

IRSN чанде пеш хабар дод, ки дар фазои Аврупо абри радиоактивиеро мушоҳида кардааст ва эҳтимол дорад, охирҳои моҳи сентябр дар иншооти ҳастаии Русия ё Қазоқистон садама рух дода бошад.

Ин ниҳод гуфт, дар ҳоли ҳозир ба ҷони одамон чизе таҳдид намекунад, вале замони рух додани садама бояд сокинонро ба минтақаи чанд километр дуртар интиқол медоданд.

Коршиносони IRSN бо такя ба маълумоти ҳавошиносӣ тахмин мезананд, ки абри радиоактивӣ эҳтимол дорад, аз куҳҳои Урали Русия омада бошад. Мақомоти Русия мегӯянд, аз рух додани садама дар иншооти ҳастаии худ хабар надоранд. Вале миёнаҳои моҳи октябр хабар доданд, ки Роспотребнадзор сатҳи радиатсияро дар вилоятҳои Свердлов ва Челябинск таҳлил дорад.

Сухан дар бораи рутения-106 меравад, ки асосан дар соҳаи тиб истифода мешавад. Коршиносон мегӯянд, ин садама дар реактори ҳастаӣ рух надодааст. Пештар дар Олмон хабар дода буданд, ки сатҳи ин изотоп дар ҳаво баланд шудааст.

XS
SM
MD
LG