Ссылки доступа

Амрикоиҳо барои наҷотдиҳандаҳои Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор карданд (видео)


Американцы организовали для спасателей в Таджикистане курсы по химзащите
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:38 0:00

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишии "Амалкарди гуруҳҳои зудамал ҳангоми сар задани ҳодисаҳои кимиёвӣ-биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ" баргузор кард. Дар доираи "Барномаи мусоидат дар мубориза бо терроризм" ба наҷотбахшони маҳаллӣ ҳамчунин дастгоҳи махсус барои фаъолият дар шароити фавқулодда эҳдо шуд.

Давраҳои омӯзишии кор дар минтақаҳои заҳролудро барои наҷотбахшони тоҷик беҳтарин мутахассисон аз ИМА баргузор карданд.

Ҳодисаи заҳролудшавӣ дар кишвар ҳанӯз мушоҳида нашудааст, аммо шунавандагон ба омӯзиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Давраҳои омӯзишӣ ҳамасола баргузор мешаванд ва танҳо ин ҷо мешавад, аз навгониҳои ҷаҳон дар бахши наҷотдиҳӣ огоҳӣ пайдо кард.

Давоми панҷ рӯз мутахассисони тоҷик бояд кор бо дастгоҳҳоро биомӯзанд.

Пурхатартарин минтақаи Тоҷикистон вилояти Суғд унвон мешавад. Ин ҷо партовгоҳи радиатсия мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG