Ссылки доступа

Марзбонони тоҷик иддаои Афғонистонро "беҳурматӣ" номиданд


Мақомоти Тоҷикистон баъди тахминан як ҳафтаи пахши изҳороте аз ҷониби мақомоти афғон, ки марзбонҳои тоҷикро дар қатли шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистон гунаҳгор кардаанд, онро бепояву асос хонданд.

Дар вокуниш ба навиштаи хабаргузории “Пажвок”, ки рӯзи 9 ноябр нашр шуд, марзбонҳои тоҷик иттиҳоми зидди худро “як тӯҳмат” номидаанд. Мақомоти вилоятии афғон дар сӯҳбат бо "Пажвок" иддао кардаанд, ки марзбонони тоҷик афғонҳоро ба хотири “гирифтани медал” ба қатл мерасонанд. Рӯзи 13-уми ноябр Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки ин гузориш “комилан беасос ва тӯҳмат” мебошад.

"Чунин ҳодиса аслан рух надодааст ва чунин хабарҳо робитаҳои дӯстонаи ду кишварро халалдор месозанд. Дар сурати рух додани ҳолатҳои нобаҳангом дар ҳамаи қитъаҳои марзӣ намояндагони сохторҳои қудратии Афғонистон ва Тоҷикистон онҳоро баррасӣ мекунанд" - гуфт ӯ ва афзуд, ки "дар мавриди хабари пахшшуда ҳеҷ ниҳоде аз Афғонистон ба мо муроҷиат накардааст”.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта дар матлабе бо номи “Афғонистон Тоҷикистонро дар куштори сокинони мулкиаш айбдор мекунад”, "Пажвок" мақомоти амниятӣ иддао кардаанд, ки афсарони тоҷик барои гирифтани медал, "шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистонро мекушанд." Ба навиштаи хабаргузорӣ, қатли ду сокини осоиштаи Афғонистон шаби 6 ба 7-уми ноябр дар шимолу шарқи вилояти Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон рух додааст.

"Марзбонҳои тоҷик вазифаи касбии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ анҷом медиҳанд. Дар воқеъ як нафарро шаби 5 -уми ноябр куштанд, вале ин ҳодиса зимни муқовимат ба қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт. Ба гуфтаи марзбонони тоҷик шаби 5-уми ноябр се нафар талош доштанд, бо 15 килограм ҳашиш вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Дар натиҷа, як нафар кушта шуда ду нафар бо ҷароҳатҳо аз макони ҳодиса фирор карданд. Субҳи 6-уми ноябр дар ҷои ҳодиса ду халтаи дорои маводи мухаддир ошкор шуд", - омадааст дар изҳороти марзбонони тоҷик.

Муҳаммад Амон Насим, як фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Афғонистон ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки марзбони тоҷик ду сокини рустои Аҳдрои ноҳияи Ишкошимро ба қатл расонидаанд. Вай гуфтааст, ки ҷасади яке аз кушташудаҳоро оби рӯдхонаи Панҷ бо худ бурда, ҷасади нафари дуввум дар соҳили дарё ёфт шудааст.

Толибиддин Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ дар сӯҳбат бо “Пажвок” иддао кардааст, ки низомиёни тоҷик тӯли чанд сол аст, ки сокинони осоиштаро дар минтақаи Вахон ва Ишкошими Афғонистон бесабаб мекушанд. Ӯ иддао кардааст, ки талаби онҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои шарҳи ин қазияҳо бепосух мондааст.

XS
SM
MD
LG