Ссылки доступа

Раҳбари "Умед-88" мегӯяд, бо кумаки шарикони хориҷияш пули Роғунро бармегардонад


Раҳбари ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, ки як моҳ пеш бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани қарз, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт шуд, ду моҳи дигар дар ҳабс хоҳад монд.

Саодат Одиназода, яке аз наздикони айбдоршаванда гуфт, давоми як моҳи дар ҳабс будани Раҷабалӣ Одинаев ширкати "Умед-88" 55 ҳазор сомонӣ қарзи давлатро баргардонда, дар садади додани маблағи боқимонда ҳастанд.

Наздикони Одинаев бо ирсоли ду нома аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки барои озоди роҳбари ширкати “Умед 88” кумак намояд. Онҳо дар мактуби худ ба раисҷумҳур гуфтанд, ки дар сурати аз ҳабси пешакӣ озод шудани Одинаев, бо гарав мондани амволи ширкат ва мусоидати коршарикони хориҷии худ метавонанд дар муддати кӯтоҳ 40 миллион доллари қарзи давлатро баргардонанд.

Раҷабалӣ Одинаев пештар аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кунанд. Ӯ ваъда дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ қарзи чандмиллионии худро аз нерӯгоҳи Роғун, ки сабаби боздошташ шудааст, бармегардонад.

Ёдрас мешавем, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар суҳбат бо соҳибкорон Вазорати молияи кишварро сахт интиқод кард, ки бо роҳҳои гуногуни "номафҳум" ба ширкати "Умед-88" 170 миллион сомонии пулҳои нирӯгоҳи Роғунро қарз додааст. Ба гуфтаи ӯ, ширкат низ ду сол мешавад, наметавонад пулҳоро баргардонад.

Баъди ин интиқод, Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон муассис Раҷабалӣ Одинаев ва мудири кулли "Умед-88" Идибек Иброҳимовро бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани қарз, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт кард. Дертар сармуҳосиби "Умед-88" Набиҷон Мирзоев ва раҳбарони се нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат низ дастгир шуданд.

Ширкати “Умед-88” соли 1996 таъсис шуда, аз Қазоқистон, Русия ва Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид мекунад. То моҳҳои ахир ҳудуди 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкат дар кишвар фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG