Ссылки доступа

Дар Қазоқистон иттиҳоди ҳомии манфиатҳои заминдорон "Алаш жоли" барҳам хӯрд


Додгоҳи Остона иҷозатномаи фаъолияти созмони "Алаш жоли"-ро бекор ва фаъолияти ин иттиҳодро қатъ кард.

Мақомот барои бастани созмони мазкур далел овардаанд, ки чанде аз муассисони он гуфтаанд "дар таъсиси он нақше надоранд". "Раванди бастани созмони мазкур бар дӯши вазорати адлияи Қазоқистон аст".

Созмони мазкур, ки соли гузашта ҳамчун ҳаракати "зидди нақшаи давлат оиди ба ихтиёри хориҷиён гузоштани заминҳои кишоварзӣ" ташкил шуда буд, танҳои 17 июл аз қайди давлатӣ гузашт.

Фаъолони созмон гуфтанд, додгоҳро бойкот эълон мекунанд. Зеро дархости онҳо дар робита ба иваз шудани қозии парвандаи мазкур рад шудааст.

XS
SM
MD
LG