Ссылки доступа

Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони "сабукпо"


d

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод дорад, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Ин пешниҳод дар шакли лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ибтидои соли 2018 ба порлумон фиристода хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Фаррух Рауфов, муовини сардори яке аз раёсатҳои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар муқоиса ба занҳои танфурӯш мардҳое, ки аз хидмати онҳо истифода мекунанд, ҷазои сахттар хоҳанд гирифт.

"Вақте талабот ҳаст, пешниҳод ҳаст. Вақте ҳамон мардони ишратҷӯю шаҳватпараст набошанд, сафи ҳамин гуна занҳо низ кам мешавад. Ин лоиҳа, ки аввали соли оянда ба порлумон пешниҳод мешавад, барои пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа равона шудааст. Ҷарима ва ҳатто ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад", - гуфт Рауфов.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ҳанӯз даҳ сол пеш дар як матлаби худ пешниҳод карда буд, ки барои фоҳиша шудани як зан бояд 12 мард ҷазо дода шаванд.

“Ҳамеша дар ин масъала баҳои мо яктарафа аст. Занро санги маломат мезанем, вале ҳеҷ вақт инро баррасӣ намекунем, ки агар харидор набошад, мол аз куҷо пайдо мешавад? Гарм будани бозори танфурӯшҳо чанд сабаб дорад, ки аз ҳар паҳлӯе нигоҳ кунем, мардҳо гунаҳкоранд. Харидори танфурӯш ҳам мард аст ва оне, ки ӯро ба ин бозор тела додааст, мард аст", - афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” ба қайд гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG