Ссылки доступа

Отамбоев гуфт, мушкил бо Қазоқистон ҳал хоҳад шуд


Президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ки мушкили Қирғизистон бо Қазоқистон ҳал хоҳад шуд, зеро ин пеш аз ҳама ба нафъи худи Остона аст. Отамбоев 20 ноябр дар нишасти матбуотие, ки бахшида ба поёни давраи президентияш баргузор шуд, изҳор дошт, ки "беҳбуди муносибатҳо на танҳо ба Қазоқистон, балки пеш аз ҳама ба Русия зарур аст".

Президенти Қирғизистон афзуд, ки кори ӯ дуруст буд, чун акнун дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонии ояндаи кишвараш "касе ҷуръати мудохила нахоҳад дошт".

“Давраҳое буд, ки дар порлумон як мушовири Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон мегашту пул тақсим мекард. Бинобар ин, баъдан мо вуруди ин одамро ба кишвар манъ кардем. Дигар чунин кор такрор намешавад. Ҳоло бесубот кардани вазъи як кишвари дигар нисбат ба Қирғизистон осонтар аст. Мо ба касе ҳамла намекунем. Вале агар лозим шуд, ба пушт мехобонем”, - афзуд ӯ.

Отамбоев 1 декабри соли 2011 корро ба ҳайси президенти Қирғизистон оғоз кард. Соли равон давраи президентии ӯ ба поён мерасад. Маросими савганди президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ҳафтаи равон, 24 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Дар ним соли охир муносибатҳои Қирғизистон бо Қазоқистон якбора бад шуд. Бисёриҳо сардии муносибатҳоро ба паёмҳои тунди ахири Отамбоев рабт медиҳанд, ки дар онҳо раҳбарияти Қазоқистонро интиқод ва дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард.

Ҷониби Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон шиддат дод, ки дар натиҷа соҳибкорон ва кишоварзони қирғиз осеб диданд. Бишкек Остонаро ба эҷоди мушкилиҳои сунъӣ дар марз айбдор мекунад, вале Остона мегӯяд, бо қочоқи мол мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG