Ссылки доступа

Панҷараи атрофи вазоратҳоро дар Душанбе мекананд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Пешниҳоди ҷазо барои мардони "сабукпо" дар Тоҷикистон. Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, қарор аст, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол гардад. (видео)

- Раҳмон гуфт, мехостанд Тоҷикистон исломӣ бошад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ошкоро Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки онҳо мехостанд, дар кишвар “мазҳаби бегонаро” таҳмил намоянд (видео)

- Марзбонони хушмуомила ва осонтар шудани сафар ба Ӯзбекистон. Баъди гармтар шудани робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои мардуми ду тараф зиёдтар шудааст. Бахусус тоҷикон, ки ба дидори хешовандонашон ба Ӯзбекистон мераванд ва ё ба тамошои шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро. (видео)

- Панҷараи атрофи вазоратҳоро дар Душанбе мекананд. Дар Душанбе тақрибан бинои маъмурие нест, ки атрофи он бо панҷараҳои баланду маҳкам баста набошад. “Суннат”-е, ки дар солҳои 2000-ум зуҳур кард ва дар саросари пойтахту дигар манотиқи кишвар роиҷ шуд. (видео)

- Зиндагӣ аз нав ца суд сар - китобе барои наҷоти забон аз марг. Нашри нахустин достон бо забони шуғнӣ, ки аз гурӯҳи забонҳои помирӣ аст, аксари гуишваронашро ба коҳиш ёфтани хатари нобудии ин забон умедвор кардааст. “Зиндагӣ аз нав ца суд сар” ё “Агар зиндагӣ дубора шурӯъ шавад”, ки достони ишқист, ба унвони аввалин китоби бадеӣ ба забони шуғнӣ (видео аз Директ)

- Назари сокинон ба муҷозоти мардони "сабукпо". Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони ба истилоҳ “сабукпо” дар кишвар баҳси гармеро миёни тарафдорону мухолифони ин мавзуъ ба по кард (видео)

- Барбӣ ҳиҷоб пӯшид. Сар аз оғози соли 2018-ум дар ИМА лӯхтаки Барбии ҳиҷобпӯш ба фурӯш бароварда мешавад. Ин лӯхтакро ба пайрави аз варзишгари амрикоӣ Ибтиҳоҷ Муҳаммад эҷод кардаанд (видео)

- Зане, ки шавҳар ва се фарзандашро куштаанд, ба адолат бовар надорад. Дар арафаи эълони ҳукми Ратко Младич-фармондеҳи сербҳои Босния дар солҳои ҷанги Босния, зане, ки шавҳар ва се фарзандашро куштаанд, ба адолат бовар надорад. Младич бо куштори дастаҷамъии ҳазорҳо марду навраси мусулмон дар Сребренитса муттаҳам аст. (видео)

- Саргузашти диктатори худхоҳ. Тайи 37 сол Роберт Мугаберо 8 бор президенти Зимбабве интихоб карданд. (видео)

- Вазорати дифоъ ба бозӣ даромад. Шабакаҳои иҷтимоӣ "далел"-и ҳимояти ДИ аз бозиҳои компютериро масхара мекунанд. Вазорати дифои Русия ҳамчун "далели раднопазир"-и ҳамкории низомиёни амрикоӣ бо ҷангиёни ДИ дар Сурия аксҳоеро нашр кард. (видео)

- Низоми сартосарии таъйини шахсият ва муҷозоти автоматӣ барои "амалҳои зараррасон". Дар Чин низоми сартосарии таъқиби сокинонро месанҷанд. (видео аз Директ)

- Соатҳои тилоӣ, кордҳо, аслиҳа ва дурбини олмонӣ: аз осорхонаи Фрунзе боз чиро дуздиданд? (видеои Настоящее время)

- Ибораи "агенти хориҷӣ" дар Амрико ва Русия. Чаро ибораи "агенти хориҷӣ" ва калимаи "агент" дар Русия ва Амрико гуногун садо медиҳанд? (видео аз Директ)

- "Девори муҳосира": чи гуна ФСБ атрофи Қримро девор мекашад. (видео аз Директ)

- "Мо тавонистем, 8 шаҳрванди худро озод кунем". Намояндаи махсуси Гурҷистон дар бораи муносибатҳо бо Русия. (видео аз Настоящее время).

- Сайёҳати шаҳр бо чашмони пӯшида. Роҳбалади нобино Алексей Орлов ба одамони солим Санкт-Петербургро нишон медиҳад. Вале пеш аз оғози сайёҳат аз онҳо талаб мекунад, ки ба даст асо бигиранду ба чашмонашон ниқоби рӯшноиногузар бипӯшанд. (видео аз Директ)

- Акнун тору мор намекунанд. Дар Украина қонун дар бораи ҳимояти соҳибкорон аз фишори қудратиҳо қабул шуд. (видеои Настоящее время)

"Бок о бок"-и 10-ум. Дар Санкт-Петербург ҷашнвораи синамои "Бок о бок"-и ҳамҷинсгароён оғоз шуд. Он имсол 10-солагияшро ҷашн мегирад. (видео аз Директ)

- "Мероси EXPO" ба ривояти тасвир. (нигористон)

- Лаҳзаҳои боздошт. Дар Қазоқистон эътирозҳои камодаму гоҳ-гоҳӣ ва баромадҳои инфиродие, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо мақомот баргузор мешаванд, бо боздошти иштирокдоронашон хоҳанд анҷомид. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG