Ссылки доступа

Раиси порлумони Қазоқистон ҳарфҳои Отамбоевро "бемасъулиятӣ" номид


Раиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ҳарфҳои имрӯзии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки дар нишасти хабарие дар шаҳри Бишкек садо доданд, "бемасъулиятӣ ва авомфиребона" номид.

Ба гуфтаи Нигматулин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев "аз мардуми Қирғизистон пуштибонӣ мекард ва мекунад".

"Медонам, ки мардуми Қирғизистон ҳам ҳамеша нисбати роҳбари Қазоқистон изҳори самимияту сипосгузорӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин суханҳои "холӣ"-и авомфиребона ва бемасъулияти Отамбоев ба муносибатҳои бародаронаи мо халал намерасонанд", - гуфт Нигматулин.

"Он чи ба худи Отамбоев рабт дорад, ба ҳама маълум аст, ки дар солҳои президентиаш вай ба ҳеч натиҷае ноил нашуд, на дар иқтисод, на дар сиёсат. Ва ҳамнгоми рафтанаш ҳам надоштани фарҳанги сиёсӣ ва дохилиро ба намоиш гузошт", - афзуд раиси порлумони Қазоқистон.

Дар нишасти матбуотии 20 ноябр дар шаҳри Бишкек президенти амалкунандаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфт, ки аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, "ба буҳрони Қазоқистону Қирғизистон" дахолат кунад. Отамбоев дубора вазъи марзи ду кишварро "муҳосира" унвон кард. Дар ҳамин ҳол вай гуфт, намехоҳад ёдовар шавад, ки ба ҳамсояҳо "барои оянда дарси хубе додааст".

XS
SM
MD
LG