Ссылки доступа

Конгрессменҳои Амрико ба Ӯзбекистон меоянд


21 ноябр як ҳайати Конгресси ИМА бо роҳбарии узви Палатаи намояндагон Трент Келлӣ ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон меояд. Ба ин ҳайат ҳам аъзои ҳизби демократӣ ва ҳам ҷумҳурихоҳон шомиланд.

Дар доираи табодули порлумонӣ гуруҳи конгрессменҳо дар порлумони Ӯзбекистон, ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷӣ ин кишвар мулоқоту гуфтугӯ баргузор мекунанд.

Дар поёни сафари президенти Ӯзбекистон ба ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 2,6 миллиард доллар шартномаву созишнома имзо шуда буд. Ин ҳуҷҷатҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахши нафту газ ва кимиё бо корхонаҳои «General Electric» ва «Honeywell», мошинсозӣ бо «CNH Industrial», «John Deere» ва «Caterpillar», бахши энержӣ бо «OSI Systems» ва «Lutron», дар бахши авиатсияи шаҳрвандӣ бо ширкати «Boeing» ва ғайраро дар бар мегирифт.

Инчунин дар он сафари Мирзиёев дар бораи таъсиси намояндагии донишгоҳи Вебстер дар шаҳри Тошканд созишнома имзо шуд. Ин донишгоҳ дар кишварҳои ИДМ нахустин бахши комили мактаби олии амрикоӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG