Ссылки доступа

Шӯрои федератсияҳои Русия омодааст, камбудиҳои қонун дар бораи расонаҳои хориҷиро биомӯзад


Шӯрои федератсияҳои Русия омодааст, муроҷиати шӯрои президентии ҳуқуқи инсонро ба баррасӣ гирад. Шӯрои президентӣ дар қонуни матбуот, ки расонаҳои беруниро агентҳои хориҷӣ эътироф мекунад, чанд камбудиро ошкор кард.

Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости Андрей Клишас, раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии палатаи болоии порлумони Русия иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, Шӯрои федератсияҳо ҳанӯз мактуби Шӯрои президентии ҳуқуқи инсонро дарёфт накардааст, аммо агар ин мактуб то рӯзи сешанбе бирасад, пас ҳатман баррасӣ хоҳад шуд.

Дар хулосаи Шӯрои ҳуқуқи инсон омадааст, ки лоиҳаи қонун расонаҳоро танҳо дар сурате ба агентҳои хориҷӣ баробар медонад, ки агар сармоягузори хориҷӣ дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шӯрои ҳуқуқи инсон, ҳамаи расонаҳои хориҷӣ аз сарчашмаҳои берунӣ маблағ дарёфт мекунанд. Ба ҷуз ин, ба расонҳое, ки шомили рӯйхати агентҳои хориҷӣ мешаванд, уҳдадориҳои марбут ба созмонҳои иҷтимоии "агентҳои хориҷӣ" онҳоро фаро намегирад.

Зеро расонаҳо танҳо аз созмонҳои хориҷӣ иборат нестанд, балки шахсони воқеӣ ва созмонҳои тиҷоратиро низ ташкил медиҳанд. Пештар аз ин раиси Шӯро Михаил Федетов гуфт, ки таҳиякунандагони лоиҳа қонун "Дар бораи расонаҳо" ва қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ"-ро ба ҳам омехтаанд. Ҳарчанд қонун аввал ба қонунгузории иттилоотӣ рабт дорад, дувумӣ - ба қонунгузории шаҳрвандӣ.

15 ноябр Думаи давлатии Русия дастаҷамъона тағйирот ба қонун "Дар бораи расонаҳо"-ро қабул кард. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки расонаҳои берунӣ ҳамчун "агенти хориҷӣ" эътироф шаванд. Москва тасдиқ мекунад, ки тағйироти мазкур дар посух ба сабти ном шудани шабакаи телевизионии "Раша тудей" дар ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ", қабул гардидааст. Худи ҳамон рӯз вазорати адлияи Русия ба Радиои Озодӣ ва дигар лоиҳаҳои ин радио дар Русия дар бораи эҳтимолан маҳдуд шудани фаъолиятҳояшон огоҳӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG