Ссылки доступа

Ба Роберт Мугабе муҳлат доданд, бо хоҳиши худ ба истеъфо равад (видео)


Мугабе отправили в отставку, а он заявил, что не собирается этого делать
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:38 0:00

Дар Зимбабве президент Роберт Мугабеи 93-соларо 20 ноябр аз раҳбарии ҳизби ҳокими ин кишвар -- ЗАНУ-ПФ барканор карданд. Ба ҷои ӯ муовини пешини президент Эммерсон Мнангагва раиси ЗАНУ-ПФ интихоб шуд.

Мугабе дар ҳоли ҳозир, расман президенти Зимбабве ҳаст, вале дар асл баъди "амалиёти боздошти ҷинояткорони атрофи президент" кишварро низомиён идора мекунанд.

Вазир Патрик Чинамаса дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ЗАНУ-ПФ ба Мугабе муҳлат дод, ки то соати 12:00-и рӯз ба вақти маҳаллӣ аз мақоми президентӣ бо хоҳиши худ истеъфо диҳад. Дар сурати ғайр, раванди эълони нобоварӣ ба ӯ оғоз хоҳад шуд.

Мугабе 37 соли ахир Зимбабверо раҳбарӣ мекард. Ӯ рӯзи 15 ноябр, баъди он ки низомиён ниҳодҳои калидии ҳукумат, аз ҷумла телевизиони давлатиро ғасб карданд, ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Ҳамчунин вазирони калидии ҳукумати вай низ боздошт гаштанд.

Афсароне, ки ҳукуматро ғасб карданд, мегӯянд, қасди табаддулоти низомиро надоранд ва танҳо хостанд, доираҳои ҷиноиеро боздошт кунанд, ки амалҳои президентро идора мекарданд.

Дар шаҳрҳои Зимбабве, аз ҷумла Ҳараре ахиран садҳо одам ба кӯчаҳо баромада, аз амали артиш ҷонибдорӣ ва истеъфои Мугаберо талаб карданд. Ба иттилои хабаргузориҳои Reuters ва AFP, тазоҳургарон ошкоро гуфтанд, ки Зимбабве ба тағйироти сиёсиву иқтисодӣ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG