Ссылки доступа

Отамбоев бархе аз мансабдорони баландпояи Қазоқистонро бо "хизматгорон" баробар кард


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар охирин нишасти хабариаш дар шаҳри Бишкек бархе аз мансабдорони баландпояи Қазоқистонро ба "хизматгорони хоҷа" баробар кард.

Отамбоев ин қиёсро баъди он баён кард, ки рӯзноманигоре аз вай хост, ҳарфҳои раиси палатаи болоии порлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва изҳороти бархе аз вазирони дигари Қазоқистонро дар робита ба танқидҳои Отамбоев шарҳ диҳад. Дар посух Отамбоев порае аз китоби нависандаи чех Ярослав Гашек "Моҷароҳои сарбози шуҷоъ Швейк"-ро иқтибос овард ва афзуд: "Ана, роҳбар ба хизматгор мегӯяд... раиси сенат ё сарвазир, ҳар касе ки бошанд, онҳо - хизматгори хоҷаашон ҳастанд".

15 ноябр дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувор вай бори дигар роҳбарони Қазоқистонро танқид кард ва гуфт, зарур намедонад, ки аз "ҳамсояи сарватманд" узрхоҳӣ кунад. Дар суханронии Отамбоев "диктатори куҳансол" садо дод.

Раиси палатаи болоии порлумон ё сенати Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳороти Алмосбек Отамбоевро дар робита ба мақомоти Қазоқистон танқид кард. "Ҳарфҳои пурэҳсоси навбатии Отамбоев бо ҳамлаи ифлос ба Қазоқистон танҳо бар зарари муносибатҳои ҳамсоядорӣ аст. Дар сиёсати бузург ба ин гуна эҳсос ҷой нест. Гап дар бораи муҳосираи Қирғизистон намеравад. Бояд талаботро иҷро кард. Ин мавзуи баҳс аст", - навишт дар Твиттер Токаев.

Пресс-конференция Атамбаева. О чем говорил президент?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:13:06 0:00

XS
SM
MD
LG