Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон "афсари ДИ" Денис Хисамовро ба Русия истирдод карданд


Тоҷикистон Денис Хисамов, корманди собиқи Вазорати дифои Русияро, ки ба гумони тафтишот бо шиносномаи сохтаи як шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафта буд, ба Русия истирдод кард.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бар асоси созишномаҳое, ки миёни ду кишвар амал мекунанд, Денис Хисамов ҳафтаи гузашта ба Русия истирдод шуд. Таърихи дақиқи истирдоди ӯ ошкор намешавад, вале истирдоди ӯ ба Русия як моҳ баъди ба Тоҷикистон оварда шуданаш сурат мегирад.

Денис Хисамов дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳини баргашт аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда, бинобар доштани шиносномаи Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик таслим шуд. Рӯзи 23-уми октябр Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки «капитан Денис Хисамов соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи Тоҷикистонро омода карда, тариқи он ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст".

Тибқи иттилои расмӣ, Денис Хисамови 34-сола мехостааст барои анҷоми ҷиноят ба Русия баргардад. Нашрияи русии “Коммерсант” рӯзи 24 октябр навишт, ки маълум кардааст, Хисамов дар Русия омӯзишгоҳи олии низомии Краснодар ба номи Штеменкоро бо баҳои аъло хатм карда дар арсаи илмӣ ҳам корҳое анҷом додааст.

Ҳоло парвандаи Хисамовро додгоҳи ҳарбии Русия баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG