Ссылки доступа

Росгидромет олудашавии радиоактивиро дар марз бо Қазоқистон тасдиқ кард


Хадамоти федеролии ҳидрометеорологӣ ва таҳлили муҳити зисти Русия вазъи радиатсиониро дар ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2017 шарҳ дод. Дар гузориши хадамот омадааст, рутения-106 (Ru-106) дар таркиби намунаҳое мавҷуд буд, ки дар вилояти Челябинск, садкилометрии иттиҳодияи истеҳсолии "Маяк" гирифта шуданд.

Пештар донишмандони Олмон ва Фаронса хабар доданд, ки моҳи сентябри соли равон дар яке аз иншооти ҳастаии Русия "Ru-106" ихроҷ шудааст. Онҳо минтақаи эҳтимолии хуруҷи маводро Урали Ҷанубӣ ё вилояти Челябинск номида буданд.

Вале мақомоти Русия рух додани садама дар иншооти ҳастаии худ ё хориҷ шудани радиатсияро дар ин кишвар қатъиян рад карданд ва ширкати давлатии нирӯи ҳастаии "Росатом" ҳам хулосаҳо дар бораи онро ки гӯиё рутения аз иншооти он хориҷ шудааст, беасос номид.

"Речь не идет об аварии на АЭС, но наш анализ точный"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:30 0:00

Афзоиши сатҳи рутенияро кормандони Росгидромет дар намунаҳое ба қайд гирифтаанд, ки дар деҳаҳои Аргаяш, Новогорний, Худойбердӣ ва Метлинои Челябинск барои озмоиш гирифта буданд. Ҳамаи истгоҳҳое, ки аз онҳо рутения пайдо карда шуд, дар наздикии "Маяк" ҷойгиранд.

Ҳамчунин инро тамошо кунед:

Рутения-106-ро асосан дар тиб истифода мекунанд. Пажӯҳишгоҳи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Фаронса (IRSN) хабар дод, ки ибтидои моҳи октябр дар фазои Аврупо абри радиоактивиеро мушоҳида кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоли ҳозир ба ҷони одамон чизе таҳдид намекунад.

Нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба муовини раиси вилояти Челябинск Олег Климов хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар фазои ин минтақа изотопҳои рутения ошкор карда шудааст ва муовини раҳбари вилоят низ тасмим дошт, дар робита ба ин мавзуъ бо мутахассисони соҳа ва намояндагони "Росатом" ва "Маяк" ҷаласаеро баргузор кунанд. Вале манобеи мустақил аз натиҷаҳои ин ҷаласа огаҳӣ надоранд.

- Матлабҳои изофӣ.

XS
SM
MD
LG