Ссылки доступа

Трамп Куриёи Шимолиро шомили рӯйхати пуштибонони терроризм кард


Президенти ИМА Доналд Трамп Куриёи Шимолиро ба рӯйхати кишварҳои сармоягузори терроризм шомил кард. Коршиносон ин қарорро рамзӣ унвон мекунанд, зеро зидди Пхенян аллакай таҳримҳои шадиди ИМА эълон шудаанд.

"Низоми Куриёи Шимолӣ бояд рафтори қонунӣ дошта бошад. Вай бояд барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии ғайриқонуниашро қатъ кунад, бояд аз пуштибонии терроризми байналхалқӣ даст кашад", - гуфт президент Трамп. Президенти ИМА ҳамчун рафторҳои ғайриқонунии ин кишвар аз куштори бародари роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин дар Малайзия ва марги донишҷӯи амрикоӣ Отто Уормбиер мисол овард, ки 17 моҳро дар зиндони Куриёи Шимолӣ ба сар бурд.

Куриёи Шимолӣ дар соли 2008 дар ивази дастрасӣ додан ба нозирони байналхалқӣ ба иншооти ҳастаияш, аз сӯи президенти вақти Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ аз рӯйхати пуштибонони терроризм хориҷ шуда буд. Ин кишвар ба зудӣ ваъдаашро фаромӯш кард. Доналд Трамп қарори Бушро содалавҳӣ номид. Моҳҳои охир бо ташаббуси ИМА Шӯрои амнияти СММ бо ҳадафи қатъи робитаҳои тиҷоратии Куриёи Шимолӣ таҳримҳои нав эълон кард. Ин таҳримҳо дар посух ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ ва мушакҳои болдори байниқоравии Куриёи Шимолӣ эълон шуданд.

Бино бар иттилои котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон, қарори президент ба кишварҳои дигар бояд паёме бошад, ки ИМА ба масъалаи Куриёи Шимолӣ бо ҷиддият рафтор мекунад. Куриёи Шимолӣ чаҳорумин кишварест, ки аз сӯи ИМА дар рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризм шомил мешавад. Ба ҷуз Куриёи Шимолӣ Сурия, Эрон ва Судон низ дар ин рӯйхат шомиланд.

XS
SM
MD
LG