Ссылки доступа

Қирғизистон аз муҳосираи иқтисодии Қазоқистон СММ-ро огаҳ кард


Намояндагии доимии Қирғизистон дар СММ кишварҳои узви созмонро аз вазъи ба вуҷуд омада дар марзи кишвараш бо Қазоқистон огаҳ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, 17 ноябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи кори кумитаи дувуми Маҷмаи умумии созмон бастаи қатъномаҳои марбут ба масоили иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва молӣ баррасӣ шудааст.

Намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ Миргул Молдоисоева ҳангоми баррасии қатъномаи “Чораҳои якҷонибаи иқтисодӣ ҳамчун василаи фишори сиёсиву иқтисодӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд” гуфтааст, ҷониби Қазоқистон аз 10 октябр дар марз барои равуои озоди мусофирону воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли мол монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

“Кишварҳои узви СММ аз вазъи марзи Қирғизистону Қазоқистон ва муҳосираи иқтисодие, ки ҳадафи он расонидани осеби иқтисодӣ ба Бишкек ва халалдор кардани фазои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар аст, огаҳ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон.

Дар қатъномаи қабулшуда зикр гашта, ки ягон кишвар ҳақ надорад, ба хотири тобеъ кардани кишвари дигар чораҳои якҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ биандешад. Намояндаи Қирғизистон изҳори умедворӣ кардааст, ки қатъномаи мазкур аз эҷоди монеаҳое пешгирӣ хоҳад кард, ки на танҳо ду кишвари бародарро ба ҳам душман, балки ба рушди устувори давлатҳо осеб мерасонад.

Ҷониби Қирғизистон аз қабули қатънома ҷонибдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG