Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон боздошти диндорони аз "рӯйхати сиёҳ" хориҷшуда идома дорад


Ба гуфтаи бархе аз сокинони Тошканд, дар пойтахти Ӯзбекистон боздошти дастаҷамъонаи диндороне шуруъ шудааст, ки ҳамагӣ чанд моҳе пеш аз "рӯйхати сиёҳ"-и мақомот хориҷ шуда буданд.

Ба иттилои ҳомии ҳуқуқ Сурат Икромов, шумори боздоштшудаҳо ба бештар аз 100 нафар расид, ки аз ин теъдод 7 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Ба гуфтаи вай, ҳабсшудаҳо наздикони зиндониёни мазҳабӣ ҳастанд.

18 ноябр Икромов хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд ва ноҳияи Зангиота давоми 3 рӯз наздики 80 зану марди аз 20 то 60 солаи диндор боздошт шуд. Ба гуфтаи вай, панҷ марду ду занро мақомот дар идораи пулис нигаҳ медоранд.

"Мо иттилоъ дорем, ки боздоштҳои дастаҷамъӣ дар ноҳияҳои Чиноз ва Янгиюли вилояти Тошканд низ сурат гирифтааст. Аммо шумори дақиқи боздоштшудаҳоро дар даст надорем", - гуфт Икромов.

Мақомоти Ӯзбекистон иттилоъ намедиҳанд, ки чаро ин теъдоди шаҳрвандонро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG