Ссылки доступа

Тоҷикистон суханҳои Отамбоевро дар бораи марз "ноогоҳона" ва "бемаврид" номид


Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комисияи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории хати марзҳои давлатӣ суханҳои ахири президент Алмосбек Отамбоевро дар бораи гуфтугӯҳои марзии ду кишвар “бемаврид” ва “ноогоҳона” номид.

Отамбоев 20 ноябр дар нишасти матбуотии поёни давраи раёсаташ дар шаҳри Бишкек гуфт, "агар ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар гуна машварат намедоданд, марз бо Тоҷикистон пурра муайян ва аломатгузорӣ мешуд. Хостанд, ки ба асноди солҳои 1925-1926 такия кунем. Ман ҳам машварат додам, ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 нигарем, ки он замон Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надошт”.

Ҷумъабой Сангинов, ки аз соли 2010 то соли 2015 узви комисия буд, мегӯяд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин масъала аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ назар мекард ва ба “машваратҳои дигар” ниёз надошт.

“Агар роҳбари давлати ҳамсоя ба дурангии остини як костюм ишора карда бошад, мутаассифона тарафи Қирғизистон дар музокирот чеҳраи чандранга доштанд. Замоне, ки мо мегуфтем, масъала бояд дар доираи қонун ва талаботи санадҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл шавад, онҳо қабул мекарданд, вале вақти пешниҳоди ҳуҷҷат тамоман ҳуҷҷатҳои дигарро ироа мекарданд, ки аз нигоҳи талаботи санадҳои байналмилаливу миллӣ то охир қонунигардонида нашуда набуданд”, - гуфт Сангинов.

Дарозии марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр аст, ки ҷонибҳо дар робита ба 471 километри он то ҳол наметавонанд ба созиш бирасанд. Дар марзи ду кишвар наздик ба 70 минтақаи баҳсбарангез вуҷуд дорад. Мардуми рустоҳои марзӣ дар минтақаҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин борҳо ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мушкил дар он аст, ки ҷонибҳо ҳангоми таъйини хати марзҳои худ ба харитаҳои гуногун такя мекунанд. Душанбе исрор дорад, ки хати марз бар пояи харитаи солҳои 1924-1939 муайян карда шавад, вале ҷониби Қирғизистон харитаи солҳои 1958-1959-ро пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG