Ссылки доступа

Ду “ҷинояткор”-и фирории бемористони руҳии Тошканд боздошт шуд


Пулиси шаҳри Тошканд ду мардеро, ки рӯзи душанбе аз беморхонаи касалиҳои равонии пойтахти Ӯзбекистон фирор карда буданд, боздошт кард. Ба огаҳии Раёсати умури дохилии Тошканд, ҷустуҷӯи бемори севум идома дорад.

Хадамоти амнияти Ӯзбекистон тамоми роҳҳои бурунрафт аз Тошкандро зери назорати шадид қарор додааст. Садҳо одам маҷбур шуданд, барои вуруд ё хуруҷ аз шаҳр соатҳо навбат бипоянд. Дар натиҷаи сахтар шудани санҷишҳо дар постгоҳҳо сафи навбатпоён ба садҳо метр расидааст.

Мақомот пурзӯр шудани санҷиш ва назорат дар постҳоро шарҳ намедиҳанд, вале ба эҳтимоли зиёд, он ба фирори беморони равонӣ аз бемористон рабт дорад. Пештар масъулони бемористони руҳии Тошканд аз шарҳи ин қазия худдорӣ карда буданд.

Ба иттилои як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон, мардҳои фироркарда дар содир кардани чандин ҷиноят, аз ҷумла дуздӣ, фурӯши маводи мухаддир ва расонидани осеби ҷисмонӣ айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG