Ссылки доступа

Баррасии расонаҳо: Рӯзҳои душвори Меркел. "Тимсоҳ" ба ҷои Мугабе. ДИ Папаро таҳдид мекунад. Бозигари Болливуд дар хатар аст


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Рӯзҳои душвори Меркел

Ангела Меркел тасмим надорад, курсии роҳбарии Олмонро тарк кунад, хабар медиҳад телевизиони олмонии ZDF. Дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи эҳтимоли истеъфояш дар робита ба нокомии эътилоф, Меркел гуфт, омодааст, ки минбаъд ҳам кишварро идора кунад. «Ман ният надорам, аз ваъдаҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии ман дарҷ шудаанд, даст кашам», - гуфт вай.

Фурӯпошии гуфтугӯҳо дар робита ба ҳукумати эътилофии Олмон баъди хуруҷи Ҳизби демократҳои озод аз он, барои олами сиёсии Олмон рӯйдодди ногаҳонӣ буд ва акнун дар ин ҷо аз эҳтимоли баргузории интихоботи нав ҳарф заданд, менависад Washington Post. Ба навиштаи нашрия, ҳамагӣ чанд моҳ пеш Ангела Меркел қавитарин роҳбари Аврупо шинохта мешуд ва бархеҳо ҳатто тасдиқ мекарданд, ки вай бо танг кардани мавқеи Трамп, пешгоми Ҷаҳони Ғарб шудааст. Аммо ҳоло ӯро ҳатто дар худи Олмон бонуфузтарин намеҳисобанд, менависад нашрия.

«Тимсоҳ» ба ҷои Мугабе

«Субҳи баъди рафтани Мугабе дар Зимбабве чӣ гуна хоҳад буд?», суол мегузорад The New York Times, бо ишора ба он ки диктатори 93-сола, ки 37 сол ин кишварро роҳбарӣ кард, аз қудрат барканор шуд. Мумкин аст муовини пешини вай сари қудрат ояд. Эммерсон Мнангагва, муовини пешини Мугабе ва рақиби кунуниаш бо лақаби "тимсоҳ" мумкин аст, аз Мугабе ҳам қавипанҷатар бошад. Аммо тавре The Guardian менависад, ҳизби ҳокими Зимбабве «лоиҳаи қатъномаи барканории Мугаберо ҳамчун "сарчашмаи бесуботӣ" ба баррасии порлумон фиристодааст". Чунин оянда мумкин аст, Мнангагваро "ба ҳуш" биорад.

ДИ Папаро таҳдид мекунад

Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (ДИ) дар тоблуе қатли Папаи Рим Франсисро тасвир кардаанд. Newsweek ин тоблуро дар шабакаи иҷтимоии Telegram пайдо кард - дар он террористе, ки рӯяшро бо дастмоли сафед пӯшонидааст, пеши сари буридаи Франсиск меистад. Дар қисмати болоии тоблу навишта шудааст, ки масеҳиҳо "барои ҳар қатра хуни рехташуда" ва "барои ҳар манзили вайроншуда" ҷавоб хоҳанд гуфт.

“Тааҷҷубовар нест, ки чунин таҳдидҳо дар остонаи ҷашни Соли нави масеҳӣ садо медиҳанд. Гуруҳи ДИ ва ҷонибдоронашон медонанд, ки бо паҳн кардани чунин таҳдидҳо "таваҷҷуҳи расонаҳои ахбори омро ҷалб хоҳанд кард", гуфтааст ҳамсуҳбати нашрия Рита Катс, мудири SITE Intelligence Group.

Таҳдиди бозигари Болливуд

Дар Ҳиндустон як тундгаро барои тахриби чеҳра ё қатли ситораи синамои ҳинд Дипик Падукон ва коргардони маъруфи Болливуд Санҷай Лила Бхансалӣ барои филми "Падмаватӣ"-аш 100 млн рупӣ ё 130 ҳазор евро ваъда кард. Нашрияи итолиёии La Repubblica бо такя ба расонаҳои Ҳинд менависад, ширкати филмсозии Viacom18 Motion Pictures баъди таҳдидҳо ва эътирозҳо маҷбур шуд, намоиши филми мазкурро боз дорад. Ин филм мебоист, 1 декабр ба намоиш дарояд.

Филми "Падмаватӣ" дар асоси асари ҳамосии асри XVI таҳия шудааст. Тундравон бар инанд, ки нақши маликаи раҷпутиҳо дар филм тамасхуромез офарида шудааст.

XS
SM
MD
LG