Ссылки доступа

Кормандони пулис Алӣ Фирӯзро аз маркази нигаҳдории муваққат бурданд


Али Феруз

Кормандони пулис рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯзро шаби сешанбе аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ бо худ бурданд. Фирӯз ба ҳамкоронаш аз "Новая газета" гуфта, ки ӯро ба додгоҳи Басмани шаҳри Москва мебаранд.

Маъмурони пулис ба рӯзноманигор санади қонуншикании маъмуриро нишон додаанд. Дар нашрия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд, пулис мехоҳад, дар доираи қонун фаъолият доштани Фирӯзро санҷад. 16 ноябр ба идораи нашрия кормандони хадамоти муҳоҷирати Русия омада буданд.

Номи аслии Алӣ Фирӯз Худобердӣ Норматов аст. Ӯ тайи чанд соли ахир кӯшиш кард, ки ҳаққи паноҳандагии Русияро дарёфт кунад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар шарҳи радди дархости Фирӯз гуфт, рӯзноманигор натавонист исбот кунад, ки дар сурати истирдодаш ба ватан - Ӯзбекистон ҷони ӯ дар хатар аст.

Ин рӯзноманигори ӯзбек 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Вале Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ хоҳад кард, дар Русия мемонад.

XS
SM
MD
LG