Ссылки доступа

Дар Туркманистон маҷаллаи нав ислоҳоти миллиро инъикос мекунад


Дар Туркманистон бо мақсади фаҳмондани моҳияти ислоҳоти миллӣ як маҷаллаи иқтисодӣ рӯи чоп хоҳад омад. Ин нашрияи даврии Вазорати иқтисод ва молияи Туркманистон дар асоси ду маҷаллаи ин ниҳод -- "Иқтисоди асри тилоӣ" ва "Низоми андози Туркманистон" таъсис меёбад.

Пешниҳоди таъсиси нашрияи нав 17 ноябр дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон садо дод. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бозтоби дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварашро зарур хонда, хост, ҷанбаҳои аслии ислоҳоти соҳа ба сокинон фаҳмонда шаванд.

Нозирони умур мегӯянд, бе ин ҳам таблиғи "дастовардҳо" яке аз самтҳои асосии фаъолияти расонаҳои давлатии Туркманистон аст, ки ба тариқи обунаи иҷборӣ миёни сокинон тақсим мешаванд. Аз охирҳои соли 2016 пули обунаи нашрияҳои расмӣ, ки нимсолаи он аз 20 то 37 доллари амрикоист, мустақиман аз маоши кормандони давлатӣ гирифта хоҳад шуд.

Бердимуҳаммадов бо вуҷуди он ки расонаҳои расмии Туркманистон танҳо дар бораи дастовардҳо менависанд, борҳо онҳоро барои бозтоби нокофии комёбиҳои сиёсати пешгирифтаи худ интиқод кардааст.

Дар Туркманистон 37 нашрия ва 27 маҷалла фаъолият дошта, ба ҷуз нашрияи "Рисгал" ҳама давлатианд.

XS
SM
MD
LG