Ссылки доступа

Бозигари амрикоӣ ҷаримаи саёҳонро барои "либоси оббозии Борат" мепардозад


Саша Барон Коэн, бозигари амрикоӣ пешинҳод кард, ҷаримаи онҳоеро пардозад, ки дар Остонаи Қазоқистон барои пӯшидани "либоси оббозии Борат" дар назди навиштаҷоти "I Love Astana" боздошт шуданд.

"Барои дӯстони чехии ман. Исбот бикунед, ки ин шумо будед (ҷузъиёти ҳодисаро нависед ва далелҳоятонро фиристед) - ва ман ҷаримаро мепардозам", - навишт вай дар саҳифаи Фейсбук.

Шаш саёҳи чехӣ ҳафтаи гузашта дар Остона боздошт ва ҳар кадоме 68-долларӣ ҷарима шуданд. Пулис онҳоро дар пӯшидани либоси номуносиб дар ҷойи ҷамъиятӣ айбдор кард. Саёҳон мехостанд бо "либоси шиноварӣ"-и қаҳрамони филм Борат Сагдиев, ки онро Саша Барон Коэн мебозад, дар назди навиштаҷоти "I Love Astana" акс бигиранд.

Филми "Борат", ки дар он Саша Барон Коэн рӯзноманигори қазоқ Борат Сагдиевро мебозад, соли 2006 аз сӯи мақомоти Қазоқистон эътирозро ба бор оварда ва ҳатто намоишаш дар ин кишвар манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG