Ссылки доступа

Додгоҳ рӯзноманигор Алӣ Фирӯзро 5 ҳазор рубл ҷарима кард


Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз бо ҷурми фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ дар Русия 5 ҳазор рубл ҷарима шуд. Дар ин бора хабаргузории русии “Интерфакс” аз толори додгоҳи Басмани шаҳри Москва иттилоъ дод.

Шаби сешанбе Фирӯз ба ҳамкоронаш аз "Новая газета" хабар дода буд, ки кормандони пулис ӯро аз маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ ба додгоҳи Басман мебаранд. Маъмурони пулис ба ӯ санади қонуншикании маъмуриро нишон додаанд.

Дар нашрия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд, пулис мехоҳад, дар доираи қонун фаъолият доштани Фирӯзро санҷад. 16 ноябр ба идораи нашрия кормандони шуъбаи умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия омада буданд.

Номи аслии Алӣ Фирӯз Худобердӣ Норматов аст. Ӯ тайи чанд соли ахир кӯшиш кард, ки ҳаққи паноҳандагии Русияро дарёфт кунад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар шарҳи радди дархости Фирӯз гуфт, рӯзноманигор натавонист исбот кунад, ки дар сурати истирдодаш ба ватан - Ӯзбекистон ҷони ӯ дар хатар аст.

Ин рӯзноманигори ӯзбек 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Вале Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ хоҳад кард, дар Русия мемонад.

XS
SM
MD
LG