Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон 600 мошини боркаш ҷамъ шудааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар бархе аз гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳои боркаш дубора мушоҳида мешавад.

Ба огаҳии хадамот, то субҳи 22 ноябр дар гузаргоҳи “Оқ-Тилек” 427 ва дар гузаргоҳи “Чон-Капка” 185 мошини боркаш ҷамъ шудаанд. Дар гузаргоҳҳои дигари марзии Қирғизистону Қазоқистон навбатпоиҳо мушоҳида намешавад.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон сахттар кард, ки дар натиҷа сафи навбатпоён дар гузаргоҳҳо ба садҳо метр расид. Санҷиш баъди он сахттар шуд, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбов мақомоти Қазоқистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард.

Дар ибтидо Остона мегуфт, пурзӯршавии назорати марзӣ ба интихоботи президентӣ рабт дорад. Аммо баъдтар мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оморе, ки ҷониби Қирғизистон дар робита ба доду гирифташ бо Чин пешниҳод мекунад, бо омори пешниҳодии Чин фарқ дорад. Ҳукумати Қирғизистон ин иддаоро рад мекунад.

Ҳукумати Қирғизистон пурзӯршавии назорати марзиро муҳосираи иқтисодӣ номида, ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Комисияи иқтисодии Авруосиё шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG