Ссылки доступа

Русия, Туркия ва Эрон дар бораи Сурия созишномаеро имзо карданд (видео)


Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба ҳалли низои Сурия созишномаро ба имзо расонданд. Ин санад самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи се кишварро дар доираи ҳалли осоиштаи низои Сурия муайян хоҳад кард.

Президенти Русия Владимир Путин 22 ноябр, баъди анҷоми саммити сеҷониба дар шаҳри Сочӣ гуфт, раҳбарони се кишвар ба ниҳодҳои дипломатӣ, амният ва дифои худ дастур доданд, ки болои созмони Конгресси мардуми Сурия кор кунанд.

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, ки ин конгресс ба таҳияи конститутсияи нави Сурия мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, дар асоси он дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон афзуд, ки бояд дастрасии мунтазами шаҳрвандони Сурия ба кумакҳои башардӯстона фароҳам карда шавад.

Русия аз охирҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ мегузаронад. Ҳадафи расмии он мубориза бо терроризм аст. Ба иттилои Reuters, тайи 11 моҳи соли равон дар Сурия 40 сарбоз ва мутахассиси низомии рус кушта шудаанд. Путин пеш аз мулоқот бо ҳамтоёни эрониву туркаш гуфт, ки рӯзҳои наздик амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ба поён расида, "равандҳои сиёсӣ" оғоз хоҳанд шуд.

Кишварҳои Ғарб борҳо Кремлро айбдор карданд, ки амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз режими Башор Асад ва мубориза бо мухолифони ӯ равона шуда, дар натиҷаи бомбаафканиҳои Димишқу Москва сокинони осоишта ҷон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG