Ссылки доступа

Дар Тошканд як зани хуносоро дар ҳамҷинсгароӣ айбдор мекунанд


Муфаттишони умури дохилии ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон нисбати М.Е.-и 22-сола, сарфи назар аз он ки ташхиси тиббӣ ӯро хуносо ё трансгендер эътироф кардааст, бо моддаи "ҳамҷинсгароӣ" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Тавре М.Е. нақл мекунад, вай баъди шикоят кардан аз дӯстписараш мавриди таваҷҷуҳи пулис шуд. "Ман бо як писар дӯст шудам, моҳи сентябр зиндагии муштаракро шуруъ кардем. Баъди 10 рӯз наздиконам ба ман 300 доллар фиристоданд. Вай пулҳоро гирифта, дар кӯча маро лат кард ва телефонамро дуздид. Ман маҷбур шудам ба пулис шикоят кунам", - гуфт вай

Пулис ошиқи ӯро боздошт кардааст. Нисбати ӯ низ парванда таъсис шудааст. Аммо нисбати М.Е. низ парванда кушоданд.

"Маро ба тафтишот даъват карда, хабар доданд, ки бо моддаи "Фиреб додани шавҳар" нисбати ман парванда кушодаанд. Вақте ман хостам фаҳмам, ки дар кадом асос нисбати ман парванда кушода шудааст, муфаттиш гуфт: "Шумо эътироф кардед, ки бо ин писар робита доштед". Аммо ман ба муфаттиш гуфтам, ки ман мард нестам, ман - транссексуал ҳастам", - гуфт М.Е.

Ташхиси тиббӣ тасдиқ мекунад, ки М.Е. мард нест. "Ман худро зан ҳис мекунам. Баъди ҳарфҳои муфаттиш ман ба вазорати тандурустӣ муроҷиат кардам. Онҳо маро ташхис ва хулоса карданд, ки ман мард нестам", - мегӯяд М.Е.

Вале кормандони пулис хулосаи духтуронро ба эътибор нагирифта ва парвандаро ба додситони ноҳия фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG