Ссылки доступа

Тадқиқот: Боварӣ ба милисаи тоҷик кам шудааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 22-уми ноябри 2017 (HD)

- “Чаро ду фарзандамро ба интернат супурдам?” Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми ноябр ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи инки чӣ маҷбур кардааст, баъзе аз оилаҳо фарзанди худро ба ятимхонаҳо супоранд, посух доданд. (видео)

- “Co-working” – Роҳ ба сӯи тиҷорати бузург дар Тоҷикистон. Маркази Коворкинг "Пазл" (Co-working) дар Тоҷикистон ба кор сар кард. Масъулони марказ гуфтанд, ки онҳо ба ҷавонон барои роҳандозии идеяву тарҳи тоза ва ворид шудан ба майдони бузурги тиҷорат кумак мекунанд. (видео)

- Навраси тоҷик – довталаби рекордҳои Гиннес. 11 ҳазор "отжимание" дар як вақт. Як падари серфарзанди тоҷик талош дорад, зӯри бозуи фарзанди 7-солааш дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад. Эмомҳусейн Умаров, фарзанди нӯҳум ва хурдии хонавода, тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание – русӣ)-ро дорад. Вай ин корро дар 6 соату 20 дақиқа ва бидуни танаффус анҷом медиҳад. (видео)

- Ҳаёҳу сари забҳи ҷонвари нодир дар Гулбоғ. Ба дасти Радиои Озодӣ як видеое расид, ки нишон медиҳад, чӣ гуна сокинони яке аз рустоҳои ноҳияи Ашт, бузи бузургшохеро, ки дар ҳоли ҷон кандан аст, забҳ мекунанд. Маълум нест, ин бузи кӯҳии осиёи миёнагиро шикор кардаанд ва ё худаш бар асари беморӣ афтодааст ва ҷон медиҳад. (видео)

- "Агар аз ин роҳ БТР гузарад, мешиканад". Аз терминали мусофирбарҳои Душанбе – Хоруғ рӯзе даҳҳо мошин бор мебарад ва мусофир мекашонад. Ронандаҳо баъзан байни худ ин роҳро “чӯл” ё роҳи таваккал ҳам мегӯянд (видео)

- Тадқиқот: Боварӣ ба милисаи тоҷик кам шудааст. Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка” мегӯяд, умедвор аст, пурсиши нашрия дар робита бо мизони қаноатмандии мардум аз кори полис дар Душанбе барои ислоҳи кори сохторҳои ҳифзи қонун мусоидат мекунад (видео)

- Дарди дили як зани танфурӯш: “Мардҳоро ҷарима накунед”. Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардоне, ки аз “хидмат”-и занони сабукпо истифода мебаранд, дар як ҳафтаи гузашта бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Дар ин қатор бархе аз занони ба истилоҳ сабукпо низ изҳори назар карданд (видео)

- Эътирози наздикони се сокини Ёвон аз ҳукми додгоҳи Шоҳмансур. Додгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ кард (видео)

- Шаш соли Отамбоев. Дастовардҳо ва камбудиҳо. (видео)

- Осиё. Қоидаҳои нав барои расонаҳо дар Қазоқистон. 23 ноябр. Порлумони Қазоқистон лоиҳаҳои тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи ВАО қабул кард. Рӯзноманигор вазифадор аст, ки пеш аз нашри маълумоти шахсӣ, хонаводагӣ, бонкӣ ва дигар иттилои сиррӣ, ҳатто дар таҳқиқотҳои марбут ба фасодкорӣ бояд розигии қаҳрамони матлабро ба даст орад. Дар Қазоқистон асъори хориҷиро дастаҷамъона мехаранд. Фудшеринги бишкекӣ: кӣ ғизоҳои "изофӣ"-ро ҷамъ ва ба ниёзмандон тақсим мекунад? (видео)

- Қоидаҳои нави корӣ барои рӯзноманигорони Қазоқистон: Порлумон қонуни баҳсбарангези ВАО-ро қабул кард. (видеои Настоящее время)

- Амалиёти зиддитеррористии 20-соатӣ дар Тифлис: он чи гуна буд. (видеои Настоящее время)

- Гаага Ратко Младичро дар анҷоми ҷиноятҳои зиддиинсонӣ айбдор донист. (видео аз Директ)

- Путин, Эрдуғон ва Руҳонӣ дар бораи баргузории конгресси умумисуриягӣ ба созиш расиданд. (видео аз Директ)

- "Додситониҳои Аврупо дар ҳоле даст ба ин гуна иқдом мезананд, ки далелҳои қотеъ доранд". Чаро сенатор Керимовро боздошт карданд? (видео аз Директ)​​

- Фирор аз Куриёи Шимолӣ. Ҳамаро пушти сар кард ва ба Куриёи Ҷанубӣ расид. Ҳоло он дар беморхона бистарӣ аст, вале зинда хоҳад монд. (видео)

- Фармондеҳ зидди раҳбари "ҶМЛ"-и худхонда. Маркази Луҳанск ду рӯз мешавад, дар муҳосираи афроди мусаллаҳи ношинос қарор дорад. (видеои Настоящее время)

- Зиндагӣ дар Астараи Эрон. (нигористон)

- Лӯлиҳо аз Оиша ба минтақаи аҳолинишини "Молодёжний" кӯчиданд. Сарфи назар аз фишори мақомот лӯлиҳои Оиша қасди тарки Тотористонро надоранд ва баъди тахриби манзилҳояшон дар деҳаи ҳамсоя ҷой гирифтанд (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG