Ссылки доступа

Расонаҳо: ИМА мехоҳад, низомиёнаш дар Сурия бимонанд


Иёлоти Муттаҳида имкони боқӣ мондани як қисми на он қадар бузурги низомиёни худро дар шимоли Сурия баррасӣ дорад. Ин низомиён дар ҳоли ҳозир, дар минтақаҳои зери идораи Нирӯҳои демократии Сурия -- эътилофи гуруҳҳои гуногуни курду араб қарор доранд.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо истинод ба як манбаи худ дар маъмурияти Доналд Трамп иттилоъ додааст.

Вазифаи сарбозони амрикоӣ дар Сурия кумак ба ҳампаймонони худ дар ҷангҳо зидди гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ва кафолат додани амнияти минтақаҳое ҳаст, ки аз тарафи мақомоти маҳаллӣ идора мешаванд.

Пештар вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис гуфт, низомиёни амрикоӣ то замоне, ки миёни ҳукумати Башор Асад ва мухолифони ӯ дар робита ба ҳалли сиёсии низоъ созишнома ба имзо нарасад, Сурияро тарк нахоҳанд кард. Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, ки ИМА ҳамчунин барои пешгирии афзоиши нуфузи Эрон дар Сурия талош хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир, дар Сурия расман 503 низомии амрикоӣ ҳузур дорад. Онҳо Нирӯҳои демократии Сурияро тамрин медиҳанд. Ҳамчунин дар ин кишвар нирӯҳои таъйиноти махсуси Амрико низ ҳузур доранд, ки шуморашон чанд сад нафар аст.

XS
SM
MD
LG